Хабар
ТОҶИКИСТОН
Гунаҳкор кист: “Душанбе Сити” ё муштариён?
Гурӯҳе аз муштариёни бонки "Душанбе Сити", ки мегӯянд фиреби қаллобони интирнетиро хӯрдаанд, барои бозгардонидани маблағҳояшон ба ин бонк муроҷиат карданд.
Рӯзи 23-юми ноябр гурӯҳе аз муштариёни бонки “Душанбе Сити”, ки мегӯянд фиреби қаллобони интирнетиро хӯрдаанд, барои бозгардонидани маблағҳояшон ба ин бонк муроҷиат карданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.
Яке аз муштариён ба ин расона гуфтааст, ки дар натиҷаи қаллобии интернетӣ 53 ҳазор сомониро аз даст додааст. Ба гуфтаи муштариён, онҳо тавассути як пайванд (ссылка)-и қалбакӣ ворид шуда, маблағ интиқол додаанд ва баъдан фаҳмидаанд, ки фиреб хӯрдаанд.
Ҷабрдидагон мегӯянд, ки бонкро гунаҳкор намедонанд, аммо талаб мекунанд, ки қаллобон ёфта шаванд ва маблағҳо баргардонда шаванд. Онҳо инчунин аз бонк хостаанд, ки ҳисобҳои марбут ба қаллобонро бандад, то интиқоли маблағҳо идома наёбад.
Намояндагони “Душанбе Сити” масъулиятро ба дӯши худи муштариён гузоштаанд. Тибқи гузориши Радиои Озодӣ, онҳо гуфтаанд, ки қаблан тавассути СМС мардумро ҳушдор дода буданд, ки маълумоти шахсӣ ва маълумоти кортҳои худро ба дигарон надиҳанд.
Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки пайдо кардани чунин қаллобон душвор аст, зеро аксари онҳо эҳтимолан берун аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Мақомот мегӯянд, ки дар солҳои охир қаллобии интернетӣ бо усулҳои нав, аз ҷумла бо истифода аз зеҳни сунъӣ афзудааст. Қаллобон аз наворҳои сохта, овоз ва акси одамони маъруф истифода бурда, мардумро ба интиқоли пул водор мекунанд.
Ин аввалин бор нест, ки аз фаъолияти “Душанбе Сити” шикоят мешавад. Пештар раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 890 муроҷиат дар бораи фаъолияти бонкҳо тақрибан 30 дарсад ба “Душанбе Сити” марбут будааст.
“Душанбе Сити” яке аз бонкҳои Тоҷикистон аст, ки моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи тартиботи зидди Русия таҳрим шуда буд. Ин бонкҳои тоҷикистониро он замон ба ёрӣ расонидан барои дур задани таҳримҳо, аз ҷумла бо интиқоли пул барои дастгирии иқтисоди Русия муттаҳам карда буданд. Бо вуҷуди ин, моҳи апрели соли 2026 Иттиҳоди Аврупо “Душанбе Сити”-ро аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ кард ва бонк эълон кард, ки ба фаъолияти пурраи байналмилалӣ бармегардад. Бонкҳои “Спитамен” ва “Коммерцбанки Тоҷикистон” низ дар ҳамон рӯз аз рӯйхат хориҷ шуданд.
.