19.9 C
Dushanbe

Гуноҳ ҳам надошта бошӣ бояд ҷаримаро супорӣ. Шикояти навбатии Нилуфар Раҷабова

Нилуфар Раҷабова. Акс аз: Ozodi.org

Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб – яке аз зиндониёни сиёсӣ ва аъзои РО ҲНИТ хабар дод, ки Хадамоти иҷрои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 20-уми июл бо ирисоли як санади расмӣ талаб намудаст, ки Нилуфар Раҷабова дар давоми 10 рӯз маблағи ҷаримаро, ки 550 сомонӣ аст, бипардозад. Дар ҳолати насупоридани ҷарима то рӯзи муайянгардида нисбати ӯ чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Нилуфар Раҷабова дар сӯҳбат ба “

Нилуфар Раҷабова гуфт, ки дар телефони мобилияш аксҳое аз ҳуҷҷатҳои тиббии фарзандони бемораш буданд, ки барояш муҳимманд. Ӯ мегӯяд, ҳангоми боздошташ дар 18 декабри соли гузашта бо сабабҳои номаълум кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино телефони мобилиашро аз дасташ гирифта гуфтаанд, ки баъд аз ташхис бозпас мегардонанд, аммо то ҳол онро нагардондаанд.

Ёдрас мекунем, ки 18 декабри соли 2019 мақомоти суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нилуфар Раҷабоваро барои доштани ҳиҷоб дастгир намуда нисбаташ бо моддаи 460 КҲМ ҶТ парванда боз карданд ва ӯро дар ниҳоят ба андозаи 10 нишондиҳанда миқдори 550 сомонӣ ҷарима бастанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.