23.9 C
Dushanbe

Гурӯҳи “Авангард” зери таҳқиқи Вазорати Адлия қарор мегирад?

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки дар 6 моҳ як маротиба баргузор мегардад гуфт, ки то кунун гурӯҳи “Авангард” барои сабти ном шудан ба Вазорати адлия муроҷиат накардааст ва ҳаракати ин гурӯҳ расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол муовини вазир гуфтааст, ки фаъолияти гурӯҳи “Авангард” таҳти омӯзиши Вазорати Адлия қарор гирифтааст.

“Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем. Дар Вазорати адлия он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба Вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд”.

Ин гурӯҳ дар расонаҳо чандин маротиба бо иқдомҳои хабарсозашон вирди забонҳо қарор гирифта буд. Барои мисол, рӯзи 8 октябр як узви гурӯҳи “Авангард” бо номи Муборакшоҳ Камолзода дар саҳифаи фейсбукаш аз пешвозгирии бо тантана аз ҷониби масъулони ноҳияи Зафаробод хабар дода буд.

Номбурда зимни нашри ин хабар чанд аксеро низ гузоштааст, ки дида мешавад, ҷавондухтарон дар даст нон ва иддае ҳам дастҳо пеши бар ва бо мусиқию ташрифоти расмӣ, айнан бо шеваи пешвозгирии раисҷумҳур аз ҳайати ин гурӯҳ пешвоз мегиранд.

Интишори ин хабар вокунишҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда буд. Аксари корбарон аз ин шеваи пешвозгирии гурӯҳи “Авангард” ба шиддат интиқод намуда, онро худнамоӣ ва тақлиди беасос ном бурдаанд. Бархе гуфтаанд, ки духтарони мардумро барои пешвози раисҷумҳур бо либосҳои атлас дар ҳавои сард маҷбурӣ мебароварданд кам набуд, ки боз ин мардум духтаронашонро барои пешвози ин гурӯҳ фиристанд.

Корбарон кори масъулони ноҳия ва ВКД-ро интиқод намуда, пурсидаанд, ки ин гурӯҳ чӣ вазифаро иҷро мекунад ва чӣ қаҳрамоние кардаанд, ки бо ин шакл дабдабанок пешвоз гирифта мешаванд?

Фирӯзи Маҳмадулло, ки аз худ раҳбари гурӯҳи “Авангард” ном мебарад, охири моҳи октбяр дар саҳифаи фейсбукиаш навишта буд, ки ин гурӯҳ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон барои хонандагон мактаб месозад, аммо масъулини ноҳия чунин иқдомеро аз ҷониби ин гурӯҳ рад карда буданд.

Ҳамчунин моҳи октябри соли 2020 баҳси ду ҷавон бар сари роҳбарӣ дар созмони “Авангард” (Пешоҳанг) мавзӯи чигунагии фаъолияти ин гурӯҳи наздик ба мақомотро доғ карда буд. Мардихудо Давлатов ва Фирӯзи Маҳмадулло ҳар кадом худро роҳбари “Авангард” мешуморанд.

Мардихудо Давлатов, ки ӯ ҳам худро роҳбари ин гурӯҳ медонад, 13-уми октябр дар Фейсбук Фирӯзи Маҳмадуллоро танқид кард ва “ба рафторҳои ноҷавонмардона” муттаҳам намуд.

Фирӯзи Маҳмадулло ба ин иддао посух надод, вале ҳамзамон иддао кард, ки чанд муддати ахир роҳбарии гурӯҳро бар ӯҳда дорад.

Бино бар иддаои масъулони ин гурӯҳ моҳи августи соли 2015 ташкил шуда, дар саросари кишвар беш аз 22 ҳазор узв дорад. Ҷаласаи аввали ин гурӯҳ дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.

Дар оғоз ҳадафи ташкили гурӯҳ мубориза бо ифротгароӣ номида мешуд, вале баъдан онҳо ба танқиди мунтақидони ҳукумат пардохтанд. Давоми панҷ соли ахир ин гурӯҳ дар назди чанд сафорати кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе низ бо ҳадафи “баргардондани террористон” аз Аврупо гирдиҳамоӣ кардааст.

Дар Тоҷикистон ташкили тазоҳуроти бе иҷоза манъ аст ва давоми дастикам 20 соли ахир ба ҳеч гурӯҳ иҷозаи ин кор дода нашудааст. Ба ҷуз аз ҷамъ шудан дар назди сафоратҳо, аъзои гурӯҳи “Авангард” дар чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ низ иштироки фаъол доранд ва аз дасти вазир Рамазон Раҳимзода низ туҳфаҳо гирифтаанд.

Мардихудо Давлатов, гуфта буд, ки онҳо ҷамъияти ихтиёрии ҷавонон ҳастанд. Ба қавли Давлатов, “ин ягон гуруҳи сиёсӣ нест, танҳо ҷавонони фаъоле ҳастанд, ки аз арзишҳои миллӣ ҳимоят мекунанд”.

Ин ҳарфҳо аз амалҳое, ки ҷонибдорону аъзои гуруҳи “Авангард” анҷом медиҳанд, фарқ дорад. Маводе, ки дар сомонаи гурӯҳ ва ё аз ҷониби тарафдоронашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, асосан баёнияҳои сиёсӣ ҳастанд. Аз ҷумла “маҳкум кардани ҲНИТ”, ё “муроҷиат ба Олмон барои баргардондани террористон”. Ин рафтори худро масъулони гурӯҳ ҳамчун “ҳимояи манфиатҳои давлат” арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.