32.9 C
Dushanbe

Гузоришгари вежаи СММ ба Тоҷикистон рафт

Гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид Мэри Лоулор барои баҳодиҳии вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар ба Тоҷикистон сафар кард.

Бино ба гузоришҳо, сафари кории хонум Лоулор дар Тоҷикистон аз имрӯз, 28-уми ноябр оғоз шуда, то 9-уми декабр идома хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Мэри Лоулор дар ин сафараш ба Тоҷикистон вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳамчунин мавзӯҳои муҳим ва мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ мекунад.

Тавре сомонаи Гузоришгари махсуси СММ дар мавриди ҳомиёни ҳуқуқи башар хабар медиҳад, Хонум Лоулор қарор аст, дар ин сафари худ ба иҷрои Эъломияи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии марбут ба ҳуқуқи инсон тамаркуз кунад, то барои ҳомиёни ҳуқуқи башар фазои мусоид дар анҷоми фаъолиятҳои қонунии худ дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон фароҳам оварда шавад.

“Ман, инчунин тадбирҳои мавҷуда ва ба нақша гирифташударо вобаста ба ҳифзи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қонунгузорӣ ва сиёсатҳо, муҳити умумии бақайдгирӣ ва идоракунии созмонҳои ғайридавлатӣ, озодии баён, ҷамъомадҳои осоишта ва дастрасии ёрии ҳуқуқиро баррасӣ хоҳам кард”- гуфт Лоулор.

Гуфта мешавад, гузоришгари вежаи СММ дар ҷараёни сафараш бо намояндагони ҳукумат, инчунин бо кормандони СММ, намояндагони созмонҳои минтақавии ҳуқуқи башар, аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва ғайраҳо мулоқот хоҳад кард.

Инчунин дар назар аст гузоришгари вежаи СММ Мэри Лоулор рӯзи 9-уми декабр дар бинои СММ дар Душанбе нишастӣ матбуотӣ баргузор кунад.

Мэри Лоулор аз натиҷаи сафари худ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш медиҳад.

Сафари гузоришгари СММ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар чанд соли ахир мақомоти кишвар аз созмонҳои байналмилалӣ барои поймол намудани ҳуқуқи инсон танқид мешунавад.

Чанде пеш мақомоти тоҷик дар пайи як амалиёт даст ба қатли оми мардуми Бадахшон зада, дар баробари он даҳҳо зоддаи ин вилоятро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд, ки дар байни онҳо ҳомиёни ҳуқуқ низ ҳастанд. Инчунин соли ҷорӣ 7 рӯзноманигору блогерро равонаи зиндон карданд.

Боздоштшудаҳо аз он шикоят доранд, ки дастрасӣ ба адвокати мустақилро надоранд, чун дар аксар ҳолатҳо вакилони дифоъ аз қазияҳое, ки дар расонаҳо матраҳанд ва пурсарусадо ҳастанд, аз ҳимояи онҳо даст мекашанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.