Хабар
МУҲОҶИРАТ
Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонад маълумоти бонкии муҳоҷиронро тафтиш кунад
Акнун Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонанд мустақлиона ва бо қарор додгоҳ фаъолиятҳои молии муҳоҷиронро тафтиш кунанд.
Роҳбарони бахшҳои Хадамоти нави муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ба рӯйхати мансабдороне шомил шуданд, ки метавонанд бо қарори додгоҳ аз бонкҳо маълумот дар бораи амалиёт ва суратҳисобҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин амалиёт, суратҳисобҳо ва пасандозҳои шахсони воқеиро дархост кунанд.
Дар ин бора “The Insider” бо такя ба фармони ВКД Русия хабар медиҳад. Тибқи фармон роҳбарони Департаменти амнияти муҳоҷират, Раёсати муқовимат бо ҷинояткорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва Раёсати оперативию таҳлилии хадамоти нав, инчунин сардорони бахшҳои муқовимат бо ҷинояткорӣ дар соҳаи муҳоҷират дар сатҳи минтақаҳо ва ноҳияҳо чунин салоҳиятро гирифтаанд.
Фармони нав ҷойгузини рӯйхате шуд, ки аз соли 2014 амал мекард. Дар таҳрири қаблии он кормандони Сарраёсати пешини масоили муҳоҷират набуданд ва танҳо роҳбарони бахшҳои кофтукови ҷиноятӣ, амнияти иқтисодӣ, назорати маводи мухаддир ва Маркази “Э” ҳаққи гирифтани маълумоти бонкиро доштанд.
Хадамоти масоили шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ моҳи апрели соли 2025 дар дохили собиқ Сарраёсати муҳоҷират таъсис ёфта, роҳбарии онро муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Андрей Кикот бар уҳда гирифт. Дар сохтори Хадамот бахшҳои алоҳидаи амнияти муҳоҷират ва муқовимат бо ҷинояткорӣ дар соҳаи муҳоҷират ташкил шуданд.
Салоҳияти ин хадамот дар шароите васеъ мешавад, ки назорат болои хориҷиён дар Русия шадидтар шуда, дар ин кишвар феҳристи шахсони таҳти назорат амал мекунад, ки ба он хориҷиёни таҳти ихроҷ ворид карда мешаванд. Мақомот ҳамчунин табодули маълумот дар бораи муҳоҷирон ва оилаҳои онҳоро миёни идораҳои давлатӣ густариш додаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи баъзе гузоришҳо шумори хориҷиён дар Русия солҳои ахир коҳиш ёфтааст. Бар асоси маълумоте, ки сомонаи “Polites” бо такя ба суханронии Кикот дар рӯзи 10-уми сентябр нашр кард, дар Русия аз 6 то 6,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ ҳузур доранд, ки ин нисбат ба солҳои қаблӣ тақрибан 8 дарсад камтар аст. Ҳудуди 3 миллион нафари онҳо муҳоҷирони корӣ мебошанд.
Ин сомона ҳамчунин хабар медиҳад, ки соли гузашта шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷ рафтаанд, 11 дарсад коҳиш ёфта, ба 702 ҳазор нафар расидааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда боз 1,7 дарсад кам шудааст. Ин омор ба муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон низ дахл дорад. Бояд гуфт, аксари шаҳрвандони кишвар барои кор ба Русия мераванд.
Ин коҳиш дар ҳолест, ки иқтисоди Русия ҳамоно ба неруи корӣ ниёз дорад. Бо вуҷуди ин, мақомоти Русия маҳдуд кардани соҳаҳои фаъолияти кории хориҷиёнро идома медиҳанд ва ниҳодҳои қудратӣ рейдҳои густарда бар зидди муҳоҷирон мегузаронанд, ки дар пайи онҳо садҳо нафар аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.