9.9 C
Dushanbe

Хатари ихроҷи як фаъоли тоҷик аз Олмон

Ба як фаъоли тоҷик хатари истирдод аз Олмон ба Тоҷикистон ва шиканҷаву зиндон таҳдид мекунад.

Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабар дод, ки мақомоти Олмон 28-уми октябри соли 2024, узви ин ҷунбиш Дилшод Эргашевро ба Додгоҳи маъмурии шахри Клеве бурда, ба ҳабс гирифтанд.

Додгоҳ бо вуҷуди дар ҳоли баррасӣ будани дархости паноҳандагии Эргашев қарор баровардааст, ки ӯ 5 ё 7-уми ноябри соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ шавад.

Гуфта мешавад, ин фаъоли тоҷик аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебарад ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кардааст.

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли истирдод Эргашев дар Тоҷикистон бо зиндони тӯлонӣ ва бадрафторӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Инчунин дар изҳороти ҷунбиш гуфта мешавад, ки Мутобиқи моддаи 3 Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ва моддаи 33 Конвенсияи Женева оид ба мақоми гурезаҳо, истирдоди одамон ба кишваре, ки ҳаёт ё озодии онҳо зери хатар аст, манъ аст. Аммо бо вуҷуди ин уҳдадориҳои байнулмилалӣ, додгоҳи Олмон ҳукми ихроҷи ин фаъоли тоҷикро содир кардааст.

ҶИРТ аз ҳукумати Олмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ихроҷи Эргашев ва ҳимоят аз ӯ чораҳои фаврӣ андешанд ва аз Amnesty International, Human Rights Watch ва дигар созмонҳои байналмилалӣ хостааст, ки ба мақомоти Олмон фишор оваранд, то уҳдадориҳои худ дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи башарро риоят кунад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Ҷумҳурии Федеративии Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви баландпояи ҲНИТ Шамсиддин Саидов ва Билол Қурбоналиев, узви “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд, ки баъдан Абдуллоҳ ба 7 сол ва Билол ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мухолифон Имомуғлуро рақиқби Эрдуғон эълон карданд

Ҳизби халқии ҷумҳурӣ дар Туркия Акрам Имомоғлу, шаҳрдори Истанбулро, ки аз вазифа барканор ва ба зиндон мунтақил шудааст, расман барои интихоботи президентии соли 2028 номзад пешбарӣ кард.

Боздошти муҳоҷирони тоҷик пас аз сафари Раҳмон ба Русия

Мақомоти Русия беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро пас аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар боздошт кардаанд.

Музокироти навбатии Амрико ва Русия

Давраи дуюми музокироти Русияву Амрико 24-уми март дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ пушти дарҳои баста оғоз шуд.

Авфи садҳо зиндонӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон фармони авфи 897 зиндониро содир кард.