21.9 C
Dushanbe

Хидматрасонии кортҳои русии “Мир” дар Тоҷикистон қатъ мешавад?

Ба эҳтимоли зиёд хидматрасонии кортҳои русии “Мир” пас аз Қирғизистон дар Тоҷикистон низ қатъ мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи низоми пардохтҳои миллии Қирғизистон “Элкарт”, аз 5-уми апрели соли ҷорӣ хидматрасонии кортҳои бонкии русии “Мир” дар ҳудуди ин кишвар қатъ мешавад.

Чунин тасмимро мақомоти Қирғизистон ба хотири таҳримҳои иқтисодие гирифтаанд, ки Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба далели ҳамлаи Русия ба Украина рӯзи 23-уми феврал алайҳи Системаи миллии кортҳои пардохтии Русия ҷорӣ карда буд.

Пештар дар расонаҳо гуфта мешуд, ки хидматрасонӣ ба кортҳои “Мир”-ро қариб ҳамаи бонкҳои Арманистон (ба ҷуз ВТБ), қисман бонкҳои Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Ветнам ва Туркия қатъ кардаанд. Инчунин низомҳои Samsung Pay ва Apple Pay ин навъи кортҳоро дигар қабул намекунанд.

Дар ҳамин ҳол “ТАСС” дар истинод ба “Амонатбонк” ва “Dushanbe City” хабар додааст, ки дар Тоҷикистон ин бонкҳо қабули кортҳои низоми пардохтии Русия “Мир”-ро идома медиҳанд.

Ба гуфтаи коршиносон, бо вуҷуди он ки Тоҷикистон манфиатдор аст, кортҳои “Мир” дар кишвар фаъолият кунанд, аммо таҳримҳои дуюмдараҷаи ИМА низ метавонанд ба иқтисодиёти Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ расонанд ва ба ҳамин хотир эҳтимол метравад хидратсонии “Мир” дар кишвар қатъ карда шавад.

Гуфтанист, агар чунин тасмиме дар Тоҷикистон гирифта шавад, интиқоли маблағ аз корт ба корти дигар дар дохили низоми пардохти Тоҷикистон номумкин гашта, кортҳои “Мир”-ро бонкоматҳо дигар қабул нахоҳанд кард ва бо онҳо пардохтҳои онлайниву офлайнӣ анҷом дода намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.