Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд

Дастаи Тоҷикистон дар нахустин иштироки худ дар Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ (IOAI-2026) соҳиби ду медал шуд. Ин мусобиқа бо иштироки беш аз 500 хонандаи болаёқат аз 106 кишвари ҷаҳон дар пойтахти Қазоқистон баргузор гардид.

Тавре Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, аз 2 то 8-уми августи соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ (International Olympiad in Artificial Intelligence – IOAI-2026) баргузор шуд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 500 хонандаи болаёқат аз 106 кишвари ҷаҳон аз рӯи самтҳои зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ (Machine Learning), таҳияи моделҳои рақамӣ, ҳалли масъалаҳои алгоритмӣ ва барномасозии роботҳои худмухтор байни ҳам рақобат карданд.

Олимпиада таҳти сарпарастии ЮНЕСКО баргузор шуда, дар маросими ифтитоҳи он Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев иштирок ва суханронӣ кардааст.

Тоҷикистонро дар ин озмун чаҳор хонандаи болаёқат намояндагӣ карданд: Синан Кандиков, Диловар Икромов, Фарангис Ҳаётова ва Муродҷон Хайраков.

Ба иттилои Вазорати маориф, хонандагони тоҷик дар рақобат бо беҳтарин наврасони ҷаҳон тавонистанд ду медал ба даст оранд. Ин аввалин иштироки Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ буд ва ба гуфтаи мақомот, натиҷаи бадастомада дастоварди муҳим барои низоми маорифи кишвар ба ҳисоб меравад.

Ин муваффақият нишон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик дар бахшҳои пешрафтаи технология, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, қобилияти рақобат дар сатҳи байналмилалиро доранд. Коршиносон бар он назаранд, ки чунин дастовардҳо метавонанд ҷавонони бештарро ба омӯзиши илмҳои дақиқ, барномасозӣ ва технологияҳои нав ҳавасманд созанд.

Бо вуҷуди чунин натиҷаҳои умедбахш, соҳаи маорифи Тоҷикистон солҳои охир пайваста мавриди интиқоди ҷомеа ва коршиносон қарор дорад. Аз ҷумла, гузоришҳо ва шикоятҳои зиёд дар бораи ҷамъоварии маблағ аз волидон барои таъмири мактабҳо, хариди либоси ягона, ва дигар хароҷот нашр мешаванд. Ҳамчунин сокинон борҳо аз мавҷудияти фасод дар бахши маориф изҳори нигаронӣ кардаанд.

Бо вуҷуди ин мушкилот, коршиносон мегӯянд, агар ба рушди маориф, баланд бардоштани сифати таълим, шаффофият дар идоракунии муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии хонандагони болаёқат таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад, Тоҷикистон метавонад дар оянда дар чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ноил гардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.