14.9 C
Dushanbe

HRW Олмонро барои ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин интиқод кард

Cозмони Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) бо нашри изҳороте аз мақомоти Олмон талаб кард, ки қазияи ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддинро таҳқиқ намуда, барои раҳоияш ба мақомоти Тоҷикистон фишор орад.

Бино ба навиштаи HRW бо гузашти ду моҳ аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин, як фаъоли мухолифини тоҷики муқими Олмон ба Тоҷикистон, то ҳол дар куҷо будани ӯ дақиқ маълум нест, ҳарчанд тибқи гузоришҳои ғайрирасмӣ, ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи адвлатии амнияти миллӣ дар Душанбе аст.

Дар изҳороти ин созмони байналмилалӣ, ки рӯзи 20-уми март нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон фаъолони мухолифин, ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон бо иттиҳомоти ангезаҳояшон сиёсӣ ба зиндон андохта шуда, дар зиндонҳо аз шиканҷа фаровон истифода мешавад.

Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар HRW мегӯяд, мақомоти Олмон хатари ба бадрафторӣ ва бо шиканҷа рӯбарӯ шудани фаъоли ҲНИТ Абдуллоҳи Шамсиддинро медонистанд, вале боз ҳам ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд.

Бино ба гуфтаи ӯ, Вазорати хориҷаи Олмон чанде пеш хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҳукми қонун ва низоми мустақили додгоҳӣ вуҷуд надорад. Ин вазорат мавридҳои шиканҷа дар зиндонҳо ва дар маҳбас қарор додани тарафдорони ҲНИТ-ро низ зикр карда буд.

Ҳамчунин Ҳю Виллиамсон мепурсад, ки “чаро мақомоти Олмон ӯро ихроҷ карданд? Он ҳам бар хилофи қонунгузории байналмилалӣ, ки ихроҷи маҷбурии инсон ба кишварҳоеро, ки ба ӯ хатари шиканҷ ва дигар навъҳои бадрафторӣ таҳдид мекунад, манъ кардааст? Чунин ихроҷҳоро қонунан боз чандин созишномаи дигаре, ки Олмон имзо кардааст, манъ мекунанд”.

“Афроди огоҳ аз ин қазия гуфтаанд, ки гӯё Олмон аз Тоҷикистон замонат гирифтааст, ки дар сурати баргардонданаш, нисбат ба Абдуллоҳи Шамсиддин бадрафторӣ нахоҳанд кард. Вале дар чунин кишвари дар масъалаи шиканҷа бадноме чун Тоҷикистон чунин замонатҳо на дар амал ва на аз рӯи қонун ягон қурбе надоранд”- омадааст дар баёнияи HRW.
HRW дар аз мақомоти Олмон талаб кардааст, ки қазияи ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддинро таҳқиқ кунад ва муайян кунад, ки ӯро барои чӣ ба кишваре фиристодаанд, ки дар он ҷо хатари истифодаи шиканҷа вуҷуд дорад ва ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварад, то ин фаъоли тоҷикро раҳо кунанд ё сабаби боздошташро рӯшан созанд.

Пештар аз ин, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва “Афви байнмлмилалӣ” бо нашри изҳоротҳои алоҳида аз мақомоти Тоҷикистон озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро талаб карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абудллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба далели камбуд дар асноди буду бош ва адами ифшои ҳувият аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад, Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Пас аз ихроҷи ӯ то кунун чандин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳое аз ҷониби мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ сурат гирифт. Борҳо аз мақомоти расмии Тоҷикистон хоста шуд, ки макони буду боши ӯро эълон кунанд. Аммо мақомоти тоҷик то кунун хомӯшанд, касе аз ӯ ҳарфе намезанад. Ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам додситонии кул аз куҷо будани Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карданд.

Бино ба иттилооти ғайрирасмӣ, ҳоло ин фаъоли сиёсии тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, вале мақомоти КДАМ инро на рад мекунанд ва на таъйид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.