14.9 C
Dushanbe

Худашро куштанду мошинашро дузиданд

Дар ноҳияи Ёвон шахсони номаълум як таксиронро бо 9 зарби корд ба қатл расонида, бо мошинаш фирор карданд.

Ҷасади Лутфулло Сафаров, сокини 38-солаи ҳамин ноҳияро, ки дар ширкати таксии “3333” кор мекард, рӯзи 4-уми апрел подабоне дар майдони заминҳои кишт, ки 6 километр болотар аз Ёвон аст, пайдо кардааст.

Фатҳулло Сафаров, падари Лутфулло Сафаров, рӯзи 6-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфта, ки писараш баъди нисфирӯии 3-юми апрел ба кор баромада, соати тақрибан 18-и ҳамон рӯз тамос бо ӯ пурра қатъ шудааст ва шаби 3-юм ба 4-ум ба хона барнагаштааст.

Падари таксирон гуфта, ки дар бораи қатли писараш, нисфирӯзии 4-уми апрел аз як ҳамкори марҳум шунидааст ва ба онҷо рафта, ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, тақрибан соати 17:30 ба мошини Лутфулло ду нафаре нишастаанд, ки нақшаи куштанашро доштаанд ва аз ӯ хостаанд, ки онҳоро ба деҳаи Дастгирак барад, аммо дар як дашт ба Лутфулло 9 корд, аз ҷумла се корд аз пушти гарданаш задаанд. Ва онҳо мошинашро гирифта, фирор кардаанд, вале пул ва дигар ҳуҷҷатҳояш дар ҷайбаш буданд.

Ин мард бо такя ба иттилои мақомот ҳамчунин гуфтааст, ки дар пайванд ба ин ҳодиса хонандаи синфи 11-и мактаби деҳаи Дастгирак боздошт шудааст. Мақомот мошини писарашро ҳам дар назди хонаи гумонбар ёфтаанд ва гумонбар гӯё гуфтааст, ки танҳо ин қатлро анҷом додааст. Аммо Фатҳулло Сафаров бар ин бовар аст, ки дар қатли Лутфулло ду-се нафар даст доранд.

Дар ҳамин ҳол як намояндаи ҳукумати ноҳияи Ёвон ба “Азия-Плюс” гуфта, “то ҳол касеро боздошт накардаанд” ва дар пайванд ба ин ҳодиса бисёриҳоро пурсида истодаанд. То ҳанӯз мақомот ба таври расмӣ дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ҷасади Луфтуллоро бегоҳии рӯзи 4-уми апрел, пас аз экспертиза ба хок супоридаанд ва аз ин ронанда 4 фарзанди хурдсол боқӣ мондааст.

Бояд гуфт, дар як ҳафтаи охир ин дувумин ҳодисаи қатли сокинон дар Тоҷикистон буда, шаби 1-ум ба 2-юми апрел дар шаҳри Кӯлоб ду зани 28 ва 20 солаи ҳомила ва як кӯдаки 6-сола бо зарби корд кушта шуданд. Дар робита ба ин ҳодиса мақомот Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда бо гумони куштор боздошт кардаанд ва ҳоло тафтишот идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.