14.9 C
Dushanbe

Худкушии як зан бо ду кӯдакаш дар шаҳри Ваҳдат

Як зан дар деҳаи Сорвои ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат худ ва ду кӯдаки хурдсолашро, ки яке 3-4-моҳа ва дуюмӣ 3-сола будаанд, ба дарё андохта, худкушӣ кард.

Як манбаъ бо шарти ифшо нашудани номаш ба Azda TV наворе фиристод, ки дар он дида мешавад, аҳолии деҳаи Сорвои ҷамоати Ромит ҷасади беҷони занро аз об берун мебароранд.

Ҳамчунин дар навор дида мешавад, ки байни одамони зиёде, ки дар лаби дарё ҷамъ омада, доду фиғон доранд, занозанӣ сар мезанад ва сари яке аз онҳо бо санг кафонда мешавад. Зоҳиран, наздикони зан бо хонаводаи шавҳар даргир мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дирӯз, 17-уми июл рух дода, сокинон ҷасади занро пайдо карданд, аммо ҷасади тифли ширхораашро то ҳол наёфтаанд. Хушбахтона, духтараки 3-солаашро зинда пайдо кардаанд.

Манбаи Azda TV аз ин зан ва хонаводаи шавҳараш ном набурд, аммо ба гуфтаи ӯ, сабаби худкушии ин зан бо ду кӯдакаш муноқишаҳои хонаводагӣ будааст.

Ба сабаби муноқишаҳои хонаводагӣ, зан як маротиба қаҳр карда, ба хонаи падараш омода буд, вале падараш ӯро маҷбур ба хонаи шавҳараш бармегардонад. Аммо ин бор чун муноқиша сар мезанад, ба хонаи падараш нарафта, ду кӯдакашро мегираду меравад аз болои пули дарёи Кофарниҳон, ки дар наздикии деҳаи Сорво ҷойгир аст, аввал ду фарзандаш ва баъдан худашро ба поён меандозад.“, – мегӯяд манбаъ.

Мақомот то ҳанӯз дар ин бора шарҳи расмӣ надодаанд. Ва тафсилоти ин ҳодиса ба таври комил маълум нест. Ҳамчунин назари хонаводаи ин зан ва шавҳараш низ дастраси расонаҳо нагаштааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон занҳо аз сабаби мушкилоти хонаводагӣ даст ба худкушӣ мезананд. Ду сол пеш як зан аз ноҳияи Рашт низ худ ва 3 фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохта, худкушӣ карда буд.

Ба назари ҷомеашиносон ва таҳлилгарони тоҷик, ин падида дар Тоҷикистон ва кишварҳои қафомонда бештар аз шароити бади иқтисодии хонаводаҳо маншаъ мегирад. Инчунин рафтори хашину номуносиби хонаводаи шавҳар бо келин низ яке аз омилҳои асосии чунин худкушиҳо гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.