33.9 C
Dushanbe

“Облава” ҷавони беморро ба шарти оварда супоридани се ҷавони дигар раҳо кард

Чанд рӯз пеш ба идораи “Аздо тв” аз ноҳияи Ҳисор шикояте расида буд, ки ҷавони 18-солаеро бо номи Алиҷон Ҳакимов, ки бемори рӯҳӣ буда ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда низ доштааст, кормандони Коммисарияти ҳарбии шаҳри Ҳисор ба бемории ҷавон нигоҳ накарда, зуран ӯро бурда буданд. Дирӯз хабар расид, ки пас аз нашри ин хабар дар “Азда тв” ҷавонро раҳо кардаанд.

Худи Алиҷон мегӯяд, ӯро рӯзи … на кормандони Комиссарияти ҳарбӣ, балки кормандони Амнияти ноҳияи Ҳисор бурдаанд. Ба гуфтаи Алиҷон Ҳакимов, ӯро аз макони кораш муовини Амнияти ноҳияи Ҳисор бо нафарони дигар маҷбуран ба мошин савор намуда бурдаанд. Вақте Алиҷон сабаби дастгир шуданашро аз онҳо пурсидааст, гуфтаанд, ку ту касеро дашном кардаӣ ва бояд бо он рӯ ба рӯ шавӣ, ту онро мешиносӣ ё не. Бо ҳамин баҳона Алиҷонро барои хидмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳ бурданӣ мешаванд.

Баъд аз раҳо шудани Алиҷон падараш Ҷумъа Ҳакимов ба муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев муроҷиат намуда, аз ӯ хостааст додашро ба созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи инсон бирасонад. Падари Алиҷон мегӯяд, фарзанди бемори ӯро бо минаравии як шиносашон бо номи Сунаттуллоҳ, ки дар Иттифоқи ҷавонони ноҳияи Ҳисор кор мекардааст, бо шарти овардани се наваскари дигар раҳо карданд. Аммо баъдтар Суннатуллоҳ, ба падари Алиҷон занг мезанад, ки ӯро боздошт кардаанд ва талаб доранд то падари Алиҷон се нафар ҷавонро бурда ба дасти онҳо насупорад, он корманди Иттифоқи ҷавононро раҳо намекунанд.

Хабарҳои зуран тавассути “Облава” рабудани ҷавонон аз бозору кӯчаҳо ва лату кӯб шудани наваскарон аз ҷониби ҳамхидматонашон, ҳатто ба марг оварда расондани онҳо зиёд нашр мешавад. Ба гуфтаи коршиносон ин ва дигар омилҳо сабаб шудааст, ки мардум намехоҳанд фарзандонашонро ба хидмати ҳарбӣ фиристанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ танҳо фарзандони ба қавле мардуми “сатҳҳои поёнӣ” ё мардуми оддӣ мераванд. То ҳол боре нашудааст, ки фарзанди як маснабдор ба хидмати ҳарбӣ рафта бошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.