33.9 C
Dushanbe

Як сарбоз 10 нафар аз ҳамхидматонашро парронд

Як сарбози 20-солаи Горди миллии Украина ба сӯйи ҳамхидматони худ оташ кушода, дар натиҷа 5 нафарро кушта ва 5 нафарри дигарро захмӣ кардааст.

Бино ба гузориши шабакаи телевизиони “Известия” дар шаҳри Днепри Украина як сарбози Горди миллии ин кишвар ҳамкорони худро паррондааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, панҷ нафар кушта, панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар ҳудуди як корхонаи мошинсозии дар ҷануби шаҳр рух додааст. “Як ҷавони 20-солаи навдаъватшуда дар посгоҳ аз автомати АК-47 тир кушодааст. Сарбоз бо силоҳ фирор карданӣ шуд, ӯро боздошт карданд.”, омадааст дар хабар.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Украина дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Сабаби ба чунин кори мудҳиш даст задани ин сарбози ҷавон то ҳол маълум нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.