31.9 C
Dushanbe

Ятимов чаро ба Хоруғ рафт?

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо мошинҳои тиббии муҷаҳҳаз барои кумаки аввалия ба Хоруғ меравад.

Бино ба итттои манобеи Pamir Daily News аз ВМКБ, сафари Ятимов ба Хоруғ бояд дар 48 соати наздик сурат бигирад.

Инчунин гуфта мешавад, ки имрӯз 12-уми январ як мошини тиббӣ бо зарфҳои хун ва дору ба маҳалли ҷойгиршавии отряди марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Хоруғ меояд.

Аммо як манбаъ аз ВМКБ ба АЗДО ТВ гуфт, ки Саймумимин Ятимов дар ҳоли ҳозир дар Хоруғ қарор дорад ва як мошин не, балки ду мошини пизишкӣ бо зарфҳои хун ва дору ба маҳалли ҷойгиршавии отряди марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Хоруғ аллакай омадаанд.

Манбаи АЗДО ТВ мегӯяд, ки ҳузури Ятимов ва овардани мошинҳои пизишкӣ бо дору ва зарфҳои хун ба Хоруғ, ба амалиёти низомие, ки дар Хоруғ ба нақша гирифта шудааст, ки пештар коршиносони дохиливу хориҷӣ аз он гуфта буданд, рабт дорад.

Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад…

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.