15.9 C
Dushanbe

ЯТИМОВ МАНСАБ ГИРИФТ Ё МУКОФОТ?

Чаро Раҳмон бори сеюм С. Ятимовро раиси КДАМ таъин кард?

Котиботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи таъйини Саймумин Ятимов ба мақоми раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии ин кишвар ҳасби ҳоли ӯро мунташир ва дар қатори забонҳои хориҷӣ, ки ӯ балад аст, забони форсиро ҳам зикр кардааст.

Яъне ин тавр: “забонҳои хориҷии форсӣ, англисӣ ва русиро медонад”.

Дар бораи инки Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо чӣ ҳадафе “забони форсӣ”-ро ба унвони забони хориҷӣ муаррифӣ кардааст, дар интиҳои навишта хоҳем гуфт. Вале ҳоло аз тағйироти кадрии ахир ва бавижа аз Саймумин Сатторович Ятимов хоҳем гуфт, ки барои бори саввум мақом ва мансаби худро ҳифз кардааст.

Дар вақтҳои ахир дар бораи фаъолиятҳои “босамар”-и ин ба истилоҳ “шоҳин”-и фулодчангол дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби зиёде мунташир шудаанд. Муҳаммади Султон, як сарҳанги пешини амниятӣ ҳам дар шумори нависандагоне қарор гирифт, ки аз кору пайкори генерал-полковник ва бахусус маҳалгироии ӯ навишта буд ва дар матлабе дигар ҳам феҳристи асомии шумори зиёде аз масъулони бахши марказӣ ва низ шаҳру навоҳии кишвари КДАМ-ро, ки аз ҳаммаҳалҳо ва ё таборони Ятимов дарҷ шуданд, ин иддаои сарҳанги бознишастаи амниятиро таъйид мекард.

Вале ба назар мерасад ин ҳама далоилу шавоҳиди амалҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣ, ки барозандаи як узви баландпояи ҳукумат нест, натавонистааст эътимоду эътиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нисбати Ятимовро, тағйир бидиҳад. Таъйини барои бори саввуми Ятимов ба раёсати КДАМ метавонад тафсирҳои гуногун дошта бошад.

Метавон гуфт, ки ин таъйинот нишона ва аломати даступобастагии Раҳмон дар назди ӯст, масалан Ятимов дар муқобили Раҳмон “компромат”-ҳои хеле вазнин дорад. Ва ё инки тӯли ин даҳ сол Ятимов ба ҳадде ба бовар ва эътимоди Раҳмон сазовор шудааст, ки бар вафодорӣ ва садоқати вай кадом шакку шубҳа надорад. Шояд ҳам ин ва ҳам он ва шояд боз “фактор”-ҳои дигаре ҳам бошад.

Аммо аз нигоҳи мо иллат ва омили таъйиноти барои бори саввуми Ятимов, ки на ба ҳама вазирони Раҳмон ва бахусус вазирони тими қудратӣ насиб шудааст, ин ҳамназарӣ ва ҳамақидагӣ ва дидгоҳи яксону тавъам доштани онҳост. Онҳо аз лиҳози ормону идея мавзеъи ягона доранд. Ҳанӯз, ки Раҳмон “а” ногуфта Ятимов “я”-и онро мефаҳмад ва барои иҷрои он каллаву пуст мезанад.

Бо дастони Ятимов чанд навбат ба Вилояти Мухтори Бадахшону водии Қаротегин ҳамла ва ҳуҷум кардан ва онҳоро дар баробари ҳукумати Фронти халқӣ ба зону даровардан дар асл орзу ва ҳаваси Раҳмон буд. Раҳмон бо гузашти солҳои соҳиби қудрат шудан, ҷанги дохилӣ тамом шудану сулҳу оштӣ кардан ҳамоно дар баробари помириҳо ва қаротегиниҳо дилашро хунук накарда буд, ки ин корро Ятимов кард. Орзуҳои Раҳмонро шикаст.
Вале ин як навъ “репетитсия” барои барнома ва нақшае бузургтар буд.

Маҳв ва маҳор кардани бузургтарин неруи сиёсии кишвар, ки аз як интихобот то интихоботи дигар мақом ва ҷойгоҳи бештареро касб карда истодааст. Ин яъне ҲНИТ. Коре, ки Раҳмон аз мағзи дилу ҷон мехост аммо ҷуръат ва лаёқати анҷоми онро надошт Ятимов гуфт, метавонад ба сомон бирасонад. Вазирони пешини низомӣ-қудратии Раҳмон бо ҲНИТ дар рақобат буданд ва хусумат ҳам доштанд.

Аммо то ба ин ҳад, ки Ятимов аз ин ташкилоти сиёсӣ ва бахусус мафкура ва идеолгияи он мутанаффир буд, набуданд. Намехостанд ва намегузоштанд, ки парвози берун аз назорати онҳоро дошта бошад аммо Ятимов чашми диди ҳузур ва мавҷудияти онро надошт. Ва, инки нишастанду ба “хулоса” омаданд ӯ даст ба кор шуд. Хулоса, орзуву ҳавас ва омоли ҷаноби Президентро ба ваҷҳи аҳсан иҷро кард. На, мулло монд, на масҷид, на рушанфикри мазҳабиву дунявии дигарандеш ва ниҳоят ва муҳимтар аз ин ҳама на ҲНИТ.

Ятимов барнома кард, нақша кард, кудето кард, дигар муҳим нест. Вай тавонист мухолифинро биронад ва дунёро барои Раҳмонов “то абад” ва “модомулумр” бидиҳад. Барои ӯ дақиқан ҳамин чиз муҳим буд. Маҳор кардани таъсири физикӣ ба ӯ ва ҳокимияти ӯ. Ҳол дигар сад доду вой мекунанд, кардан гиранд. Аммо на митинг карда метавонанд ва на дасташон мерасад, ки пояҳои курсии ӯро ба ҳаво андозанд.

Ҳамин ду даҳсола пештар Раҳмон, ки 5 сол муборизаи мусаллаҳона кард ва ҳимояти Русияро дошт, чору ночор нишаст ва ҳокимияташро ҳисса кард. Аммо феълан кор тавре шуд, ки бо як ду ҷони “расход”-шуда ин ҳизбро берун кард ва ӯ дигар рақиб ва рақобат надорад ва шурӯъ кард ба бино ва бунёди ҳокимияти хонаводагӣ. Дигар бо дили пур дорад барномаҳояшро татбиқ мекунад. Раҳмон ин ҳамаро мадюни Ятимов аст. Албатта, барои чунин хадамот бемузд ва бебаҳраву подош намонд.

Шароит ва имконият дод, пул кор кунанд, замину замону хонаву дару мошину дача андӯзад. Инки Ятимов ва ё бародараш чи кор мекунанду чи хел пул ба даст меоваранд, баҳо ва арзиши курсиро надорад, ки Раҳмон дорад. Муҳим, саҳна ва кишвар барояш холӣ аст. ”Благодаря” Ятимов.
Аз ин лиҳоз мешавад гуфт, ки барои саввум ба мақоми раиси КДАМ таъйин кардани Ятимов ва ӯро ба тамоми ниҳодҳои дигар мусаллат кардан як навъ подош ва ҷоизаи Раҳмон барои хадамоти содиқонаи ӯст. Ва Раҳмон возеҳу рӯшан баён кард, бо ҳукумате, ки дошт ин бор ҳам давраи нави ҳокимияташро меронад.

Раҳмон ба Рустам (Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси Душанбе) бовар накард. Дар бораи рафтор ва кирдори айёшии Рустам ба Раҳмон гуфтанд ва Раҳмон мушоҳида кард, ки ӯ ҳоло “бача” аст. Корро ҷиддӣ нагирифтааст, пухта нарасидааст ва хом аст. Овардани Ятимови “пенсионер” масъалаи дар нимаи роҳ канор кашидан ва ба валиаҳд супориданро ҳам шояд аз байн бурда ва ё бибарад. Ба назар мерасад, ки то охири муҳлат меравад. Чун то ҳадде “ноумед” шуда истодааст. Албатта, ба имиҷи Рустам бетаъсир нахоҳад буд.

Ва ин таъйинот ба навбати худ зиддиятҳои дохилидарбориро шиддат мебахашад. Махсусан, ки Рустам тамоми “ахборот”-и расида ба падараш аз айёшиҳояш ва инки дар ин тағйироти кадрӣ ҳеҷ пешниҳоди ӯ қабул нашудро аз чашми Ятимов мебинад. Вале дар муқобил Ятимов бо тамоми неру ва аз банди дилу ҷон садоқат ва вафодорӣ нишон дода истодааст. Ятимов тавонист, ки байни мухолифини дар Аврупо низоъ ва хусумат офарад. То ба ҳадде, ки гурӯҳе аз қаҳр ва ба рағми дигар изҳор доштанд омодаанд ба ҳукумат овоз диҳанд то ба ҲНИТ. Ҳамин коре, ки Раҳмон аз он қади найза гӯшт мегирад.

Нашру пахши маводди бадномкунандаи роҳбарияти оппозитсион, қисме аз онҳоро моил кардан ба Раҳмон ва дар фазои сиёсии кишвар сияҳсозии пайвастаи ҲНИТ аз корҳои хуби Ятимов барои Раҳмон ба шумор меравад.
Раҳмон дар ин шабурӯзҳо бештар аз ҳар чизи дигар аз самти Афғонистон эҳсоси биму хатар мекунад. Ҳанӯз зина будани Гулмурод Ҳалимов, наздиктар омадани Толибон ба марзҳо, эълони ихроҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон барои Раҳмон сахт нохуш аст.

Дар ҳамин чанд рӯзи пеш бо як сафари корӣ ба Кобул рафтани Ятимов ҳам беҷиҳат набуд. Ятимов дар кори ҷанг ҳам таҷриба касб кардааст ва аз инки бо неруҳои исломӣ сахт оштинопазир аст ба завқи Раҳмон сахт мувофиқ аст. Барои ҳамин Ятимов С.С. барои бори саввум ва новобаста аз онки нафақахӯр шудааст мақоми худро дар кобинаи нави Раҳмон ҳифз кард. Вале, ба гумони ғолиб муаллифи матни ҳасби ҳоли Ятимов, ки тавассути котиботи Президент нашр шуд худи Ятимов аст. Ин худи Ятимов аст, ки “форсӣ”-ро ба унвони забони хориҷӣ мешиносад ва дар қатори англисӣ ва русӣ ҷой додааст.

Дар дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ шояд ба ин дараҷа нафрат ва хусумат ба Форсу форсӣ, ки Ятимов дорад, надоранд. Худ шоҳидед, ки чанд ҳафта қабл ҳукумати Ашраф Ғанӣ ҳам айни чунин корро карда форсиро хориҷӣ унвон кард. Аммо тоҷикони сарбаланди Афғонистон дунёро ба сараш гардониданд, то ҳарфашро пас гирифту пузиш хост. Аммо, ин мо тоҷикони Тоҷикистон ҳастем, ки дар баробари як чунин таҳқири забони модарӣ ва он ҳам аз тарафи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурамон об дар даҳон гирифтаву нишастаем.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.