Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ро бо таъйину ҷойивазкунии мақомдорон оғоз кард.
Имрӯз, 12-уми январ дар Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироту ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифтааст.
Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон собиқ муовини якуми вазири адлия Ализода Нигина, собиқ сафири Тоҷикистон дар Утриш Қаландар Идибек ва Бойзода Санои Шодӣ муовинони вазири корҳои хориҷии кишвар таъйин шудаанд.
Бо як қарори дигари Ҳукумат курсии холии директори Муассисаи давлатии “Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-ро соҳиб шудааст.
Ҳамчунин бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон Ализода Довуд муовини якум ва Муқимӣ Дилором муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд.
Дар идомаи ин тағйироту ҷойивазкуниҳо Раҳмон номзадии Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин, Ғуломзода Сафарбек, Сафарзода Маҳинабону, Раҳмонзода Икромро барои вазифаи додраси Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурализода Одилро барои вазифаи додраси Додгоҳи олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлисии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, раисони додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Мурғоб, Шаҳристон, Вахш, Рашт, Ховалинг, Норак, Рӯдакӣ, ҳамчунин муовинони додрасҳоро дар додгоҳҳо ва додгоҳҳои иқтисодии вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз кардааст.
Бояд гуфт, ин ягона тағйиру ҷойивазкунии мақомдорон дар соли 2026 набуда, пештар раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аксари раҳбарони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва чанд раиси шаҳру ноҳияҳои кишварро низ иваз карда буд.
Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад ва аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар маҳал ва шинос будану наздик будан ба хонавода аст.
