29.9 C
Dushanbe

Идомаи пулҷамъкунӣ дар мактабҳо. Кӣ бояд пеши роҳи ин “ғорат”-ро бигирад?

Бо наздик шудани поёни соли таҳсил, масъулони мактабҳои миёна дар вилояти Хатлон хонандогон ва ҳатто омӯзгоронро маҷбур доранд, ки барои таъмири мактаб пул ҷамъ кунанд.

Як манбаъ аз ноҳияи Ёвон бидуни зикри ном, рӯзи душанбе дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки директори мактаби №9-и деҳаи Чироғчии ноҳияи Ёвон падару модарони хонандагонро ҷамъ карда, маҷлис гузарондааст. Ӯ зимни маҷлис аз ҳозирин хоҳиш намудааст, ки падару модарон бояд барои таъмири мактаб сари ҳар як хонанда ҳаддиақал 50 сомонӣ маблағ супоранд.

Вақте ин талаби директори мактаб вокуниши падару модаронро ба бор овардааст, директор гуфтааст, ки ин фармони ман нест, балки “фармон аз боло аст”, гуфта, мардумро ором кардааст. Аммо ба гуфтаи манбаъ, директор одатан “фармони боло”-ро баҳона карда, барои ҳар коре маблағ ҷамъ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, директори мактаб гуфтааст, ки ин талаб аз ҷониби муовини раиси ноҳияи Ёвон Саёҳат Абдуллозода шудааст. Ӯ афзудааст, ки Абдуллозода ба тамоми директорон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ супориш дода, ки мактабҳоро бо пули талабогон таъмир кунанд.

Аз шумо як илтимос ва хоҳиш ҳамагӣ медонед, ки ҷамъ кардани маблағи таъмири мактаб манъ аст. Лекин ман намехоҳам, ки фарзандони мову шумо дар синфхонаи ифлос таълим гиранд. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки барои таъмири синфхона ба мо кумак расонед. Умедворам, ки як қувваи бузурге ҳастед, ки ба ин кори хайр кумаки худро дареғ намедоред.“, гуфтааст директори мактаби №9-и ноҳияи Ёвон дар хитоб ба падару мондарони хонандагон.

Манбаъ афзуд, ки инчунин дирктори мактаби №10-и ҳамин ноҳия Собиров Сафар бо падару модарон маҷлис гузаронда, аз ҳар хонанда 50 сомонӣ талаб кардааст, вале мардум чун эътироз кардаанд, маҷбур шудааст миқдори пардохторо аз 20 то 30 сомонӣ поён биёрад. Ӯ ҳам сабаби ин пулҷамъкуниро ба “фармони боло” рабт додааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан шикоятҳои зиёде аз мактабҳои гуногуни Тоҷикистон ба унвонии Azda.tv ворид шуд, ки аксар аз пулҷамъкуниҳои бемавриди масъулони мактабҳо шикоят мекарданд.

Ҳатто бархе омӯзгорони мактабҳо дар тамосҳои катбӣ ба Azda.tv зимни тасдиқи ин падида изҳор дошта буданд, ки худи онҳоро низ масъулони болотари мактабҳо маҷбур мекунанд, дар ҷамъоварии маблағ талабаҳоро маҷбур кунанд ва ҳатто аз худашон ҳам бо баҳонаҳои гуногун пул мегиранд ва баъзе маҷбур шудаанд касби омӯзгорияшонро тарк кунанд ва ба дигар корҳои оддӣ гузаранд.

Шикояти батакрори волидону омӯзгорон аз пулҷамъкунӣ дар мактбаҳо дар ҳолест, ки масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон, аз ҷумла вазири ин ниҳод Саидзода Раҳим Ҳамро борҳо таъкид карда буд, ки таҳсил дар мактабҳои давлатӣ ройгон буда, ҷамъоварии маблағ аз волидон манъ аст. Вале боз ҳам директорони мактабҳо дар ҳамкорӣ бо масъулони ноҳияҳо барои таъмир ва дигар корҳои мактаб аз хонандагон пул талаб мекунанд.

Аксар волидон аз ин шароит ба танг омадаанд ва мепурсанд, ки пеши ин беқонуниро кӣ бояд гирад? Агарчи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин корро манъ карда аст, вале масъулони мактабҳо аз ин кор даст кашиданӣ нестанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи омори расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2025 беш аз 21% буҷети кишвар ба соҳаи маорифи кишвар нигаронида шуда буд. Яъне, дар ҳеч соҳае дар кишвар ба андозаи соҳаи маориф буҷет масраф намешавад. Вале боз ҳам сатҳи ришва ва фасод дар ин соҳа хеле зиёд дида мешавад. Ва ҳеч ниҳоде масъуле ҳам пеши ин рафторҳои ғайриқонунии раҳбарони муассисаҳои таълимиро намегирад.

Azda.tv натавонист ба таври ҷудогона назари директорони мактабҳои 9 ва 10-и ноҳияи Ёвонро биёварад. Дар сурати пайдо шудани маълумоти тоза дар ин бора ё назару вокуниши онҳо ва ҳамчунин вокуниши Вазорати мавориф ва дигар ниҳодҳои расмии кишвар, онро низ нашр хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ба муҳоҷирони дорои доғи судӣ шаҳрвандии Русия дода намешавад

Дар Русия қоидаҳои гирифтани иқома ва шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон боз ҳам сахттар мешаванд.

Пас аз нигарониҳо мақомот андозбандии интиқоли маблағ байни шаҳрвандонро рад кард

Мақомоти андози Тоҷикистон хабари ҷорӣ гардидани низоми андозбандии рақамиро ҳангоми истифодаи ҳамёнҳои электронӣ рад кард.

Корманди додситонӣ Меҳрона Ноибоваро ба худкушӣ расонд

Меҳрона Ноибоваи 23-сола 4-уми апрели соли ҷорӣ аз истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и Дарвоз нопадид гашта, ҷасадаш аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шуд.

Бо парчами Фаластин баромадани Ламин баҳсбарангез шуд

Бо парчами Фаластин ҳузур ёфтани футболбози ҷавон Ламин Ямал дар роҳпаймоие баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорон ба бор овардааст.