-1.1 C
Dushanbe

Идомаи тағйироту ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо мақомдороне, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Додситонии кул, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъйин гардиданд, мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои сомонаҳои ҳукуматӣ, дар тағйироту ҷойивазкунии навбатӣ сардорони раёсатҳои Додситонии кул, додситонҳои шаҳрҳои Хоруғ, Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав ва Балҷувон, инчунин додситонҳои ҳарбии гарнизонҳои Бохтар ва Суғд нав шудаанд.

Ҳамзамон дар Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ низ тағйироти кадрӣ дар зинаҳои поёнии он сурат гирифтааст.

Раҳмонов дар мулоқот бо “кадрҳои нав”-аш аз муҳим будани касбият, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ гуфта, аз онҳо хостааст, ки мубориза бар зидди коррупсия ва муносибатҳои ғайриоинномавиро дар мадди аввал гузошта, фазои солими хидмати ҳарбиро фароҳам созанд.

Раисҷумҳури худкомаи кишвар ҳамеша зимни суханрониҳояш ё ҷойивазкунии мақомдоронаш аз таъмини фазои солими хидмати ҳарбӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, аммо коррупсия дар кишвар реша давонда, Тоҷикистон дар 20-гонаи фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон қарор дорад. Инчунин дар қувваҳои низомии кишвар фазои солими хидмати ҳарбӣ вуҷуд надошта, аз сабаби бадрафтори нисбати сарбозон ҷавонон аз хидмат дар артиш фирор мекунанд.

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад ва аз аввали соли ҷорӣ раисони баъзе шаҳру ноҳияву кумитаҳо иваз карда шуданд.

Аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар маҳал ва шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Камбуди барқ дар Тоҷикистон сахттар мешавад

Ба иттилоъи сокинон, рӯзҳои аввали соли ҷорӣ хеле аз минтақаҳои кишвар бо камбуди шадиди барқ мувоҷеҳ шудаанд.

Ҳукмҳои сангин ба Усмонзода ва ҳамроҳонаш

Додситонии кулли Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ барои чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва ходимони пешини давлатӣ муҳлатҳои сангини зиндонро талаб кардааст.

Ихроҷи беш аз 80 ҳазор муҳоҷир аз Русия

Дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 80 ҳазор муҳоҷир барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират аз хоки Русия ихроҷ шуданд.

Мулоқоти Расулзода бо ҳамтоёни қирғизу узбекаш дар бораи марз

Сарвазирони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи марзҳои давлатӣ ва рушди ҳамкориҳо гуфтгӯ карданд.