Ихроҷи 6 ҳазор муҳоҷир аз Русия дар як моҳ

Мақомоти Русия дар натиҷаи рейдҳое, ки дар моҳи март гузарониданд, тасмим гирифтаанд тақрибан 6 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз кишвар ихроҷ кунанд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.

Бино ба иттилои Волк, рейдҳо дар саросари кишвар бо баҳонаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардида, дар маҷмуъ беш аз 130 ҳазор нуқта, аз ҷумла бозорҳо, анборҳо, минтақаҳои саноатӣ, ҷойҳои истиқомати муҳоҷирон ва ғайра мавриди санҷиш қарор гирифтаанд.

Дар рейдҳо кормандони Хадамоти федералии амният ва 60 ҳазор кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо дастгирии нерӯҳои Росгвардия иштирок дошта, аз дронҳо ва дигар воситаҳои муосири техникӣ истифода бурдаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни рейдҳо тақрибан ҳазор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 48 ҳазор ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шуда, беш аз 26 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ва нисбати 7,7 ҳазор нафар қарор дар бораи манъи вуруд ба Русия қабул карда шудааст. Илова бар ин, 24 ҳазор муҳоҷир аз расмиёти ҳатмии бақайдгирии дактилоскопӣ ва аксбардорӣ гузаштанд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2025 аз Русия 72 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ шудаанд.

Коршиносон эҳтимол медиҳанд, ки шумораи ихроҷшудагон дар оянда аз ин ҳам зиёд шавад. Чун чанде пеш вакилони Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки рӯйхати асосҳои ихроҷи муҳоҷирон тақрибан ду баробар – аз 22 то 43 модда зиёд карда шавад. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки муҳоҷирон барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, сарпечӣ аз иҷрои талаботи кормандони пулис ё Росгвардия, инчунин эҷоди монеа дар фаъолияти инфрасохтори нақлиётӣ ва дигар объектҳо, навиштани шарҳ ва ғайра аз Русия ихроҷ карда шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.