Ихроҷи ду муҳоҷир аз Русия барои пӯшидани либоси занона

Додгоҳи ноҳияи Люблинои Маскав ду шаҳрванди хориҷиро барои “тарғиби ЛГБТ” ба 10 шабонарӯз ҳабс ва ихроҷ аз Русия маҳкум кардааст.

Сомонаи “Настояшее Время” бо такя ба қарори додгоҳ аз 20-уми август навишта, ки шоми 18-уми август Раҳимов Х. ва Саизода Э. бо либоси занона дар тан ва бо шиори “Озодии интихоб” дар ҳудуди бозори “Садовод” боздошт шудаанд.

Аммо дар протоколҳо мушаххас гуфта нашудааст, ки онҳо чӣ гуна либос пӯшида буданд, бар асоси чӣ ин либос занона арзёбӣ шудааст ва шиори зикршуда дар кадом шакл намоиш дода мешуд.

Вале кормандони пулис, ки ба ҷойи ҳодиса рафта будаанд, ба хулосае омадаанд, ки ин ду нафар бо рафтори худ гӯё “ҷаззобияти гароишҳои ҷинсии ғайрианъанавиро намоиш медодаанд”.

Бо вуҷуди ин маълум шудааст, ки Раҳимов оиладор ва соҳиби як фарзанд, Саизода бошад, падари чаҳор фарзанди ноболиғ будаанд.

Додгоҳи ноҳияи Люблино ҳар ду нафарро бар асоси қисми 5-и моддаи 6.21 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия, яъне “Таблиғи муносибатҳо ва афзалиятҳои ғайрианъанавии ҷинсӣ, тағйири ҷинс ва даст кашидан аз фарзанддорӣ” гунаҳкор дониста, ҳар кадомро ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.

Пас аз адои муҳлати ҳабс қарор аст ин ду нафар ба маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сахарово интиқол ва то 17-уми ноябр аз қаламрави Русия ихроҷ шаванд.

Ҳамчунин баъд аз ихроҷ вуруди онҳо ба Русия барои панҷ сол аз рӯзи содир шудани ҳукми додгоҳ манъ хоҳад шуд.

Дар санадҳои нашршудаи додгоҳ шаҳрвандии боздоштшудаҳо зикр нашудааст, аммо телеграм-канали “Осторожно, новости” бидуни ишора ба манбаи маълумот навиштааст, ки ҳар ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.

Тасдиқи ин иддао аз манбаъҳои дигари мустақил то ҳол ба Azda.tv муяссар нашуда, назари ҳарду гумонбар низ дастрас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.