33.9 C
Dushanbe

Ихроҷи ду шаҳрванди Тоҷикистон аз Мари Эл

Додгоҳи Йошкар-Ола ду шаҳрванди Тоҷикистонро аз Ҷумҳурии Мари Эли Русия ихроҷ кард.

Ба гуфтаи мақомоти ин ин кишвар, афроди боздоштшуда тавзеҳ додаанд, ки барои кор ба Русия омадаанд, вале дар идораҳои муҳоҷиратӣ сабти ном нашудаанд.

Тибқи қавонини Русия, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар ҳудуди ин кишвар на бештар аз 90 рӯз бидуни раводид (виза) ё патент бимонанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бахотири вайрон кардани қонуни муҳоҷират ва надоштани санадҳои зарурии иқомат боздошт карданд ва додгоҳ ҳар кадомашонро ба маблағи 2000 рубли ҷарима ва аз Русия ихроҷ кард.

Бар мабнои оморҳои расмӣ, дар се моҳи соли 2024, 21 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Арманистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Нигерия аз Мари Эл ба ихроҷ шудаанд.

Бад аз ҳамлаи терористии “Крокус Сити Холл”, боздошт ва ихроҷи муҳоҷирни тоҷик зиёд шудааст ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирин изҳори нигарони аз рушди бегонаситези дар Русия доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.