10.9 C
Dushanbe

Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба СММ шикоят бурдааст

Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.

Илҳомҷон Ёқубов дар муроҷиати худ ба ин ниҳоди байналмилалӣ гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуқуқҳои асосии ӯ, инчунин падару модар ва хоҳарашро поймол кардаанд ва умедвор аст, ки Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ барои барқарории адолат ва дифоъ аз ҳуқуқи онҳо мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, моҳи декабри соли 2023 Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Илҳомҷон Ёқубов, модар, падараш Дадоҷон Ёқубов ва хоҳараш Мунира Ҷӯраеваро дар ғайбашон, вале дар шоҳидии амаку чаҳор ҳамсоя ба тундгароии исломӣ гунаҳкор дониста, аз 5 то ба 14 соли зиндон маҳкум ва хонаҳояшонро ба нафъи давлат мусодира карда буд.

Аммо Ёқубов дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки ин додгоҳ парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба онҳоро бе огоҳии расмӣ ва бе ҳузурашон ё намояндаи ҳуқуқияшон баррасӣ кардааст, ки нақзи ҷиддии ҳуқуқи ӯ ва аъзои хонаводааш мебошад.

Муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, ки пас аз қарори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд аз болои ҳукм шикоят бурдааст, вале додгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳеч дархосташ барои муҳокимаи одилона ҷавоб надоданд ва ӯ маҷбур шуд ба ниҳодҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.

Дар муроҷиатномааш ба СММ Илҳомҷон Ёқубов гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон хонаводаи ӯро аз ҳуқуқи мурофиаи одилона, иштирок дар муҳокимаҳои додгоҳӣ ва баробарӣ дар назди қонун маҳрум карда, ғайриқонунӣ ба ҳаёти хусусӣ ва дахлнопазирии манзили онҳо дахолат шудааст.

Посухи расмии Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ ба муроҷиати ин фаъоли сиёсӣ ва назари мақомоти Тоҷикистон дар ин бора то ҳол дастрас нест.

Аммо дар гузашта ниҳодҳои марбут ба СММ чандин шикоят алайҳи Тоҷикистонро баррасӣ карда, ба ҳукумат тавсия дода буданд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро барқарор, зиндониёни сиёсиро озод ва ба ҷабрдидагон ҷуброн пардозад, вале мақомоти Тоҷикистон тавсияи СММ-ро ҳамеша нодида гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси пешакии се иштирокчии занозании гурӯҳӣ дар Варшава

Додгоҳи ноҳияи Воляи шаҳри Варшаваи Лаҳистон се иштирокчии занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар назди яке аз нуқтаҳои сӯзишвориро барои семоҳӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Кумитаи тафтишотии Русия роҳҳои бекор кардани шаҳрвандиро меҷӯяд

Мақмоти Кумитаи тафтишотии Русия талош доранд, рӯйхати асосҳои бекор намудани шаҳрвандии Русия барои зодагони кишварҳои хориҷиро васеъ кунанд.

Боздошти як мақоми баланди ВКД бо иттиҳоми қаллобӣ

Як мақомдори баланди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳи як ҳамкораш бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуданд.

Ҷангро Амрико шуруъ кард, аммо кӣ онро хотима медиҳад?

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон тайи ҳамлаи мушакии муштараки Амрико ва Исроил ба ин кишвар кушта шуд.