13.9 C
Dushanbe

ИМА нисбати мақомдорони Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ мекунад?

Комиссияи ИМА дар умури озодиҳои динӣ аз Ҳукумати кишвараш хостааст, ки нисбати он мақомомдори тоҷике, ки дар нақзи озодиҳои динӣ дар ин кишвар даст доранд, таҳрим ҷорӣ кунад. 

Комиссияи мазкур гузоришеро аз вазъи сиёсати кишварҳои ҷаҳон дар робита ба умури динӣ нашр карда, ки дар он Тоҷикистонро дар баробари кишварҳои Туркманистону Кореяи Шимоливу Чину Русия қарор дода, шомили рӯйхати сурхи кишварҳои мавриди нигаронии хос кардааст. 

Гузоришгарони ин Комиссияи байналмилалӣ Ҳукумати Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дода, гуфта мешавад, ки дар соли 2022 озодии дин дар Тоҷикистон ҳамоно “вазнин” боқӣ монда, Ҳукумат ба саркӯби шадиди аксарияти мусалмонони ин кишвар идома дод. 

Комиссияи озодиҳои динии ИМА дар ин гузоришаш ба манъи рафтани кӯдакони то 18-сола ба масҷидҳо, мамнӯъ будани таълими хусусии динӣ, манъи рафтани шахсони то 35-сола ба Ҳаҷ, маҳдудият ҷорӣ кардан дар мотами мурдагони мусулмонон ва манъи пӯшидани либоси сиёҳ дар он, ишора кардааст. 

“Дар моҳи июн кормандони пулис як занеро, ки барои азодории марги писараш дар тан либоси сиёҳ дошт, боздошт ва 7 соат дар идораи пулис нигоҳ дошта, ӯро то беҳуш шудан лату кӯб карданд. Пас аз он ки хонаводааш ҷароҳатҳои ӯро дида, ба пулис шикоят бурданд, онҳоро ба 15 рӯзи ҳабс таҳдид карданд. Илова бар ин, пулис афродеро, ки ҳиҷоб ё риш доранд таъқиб карда, аз вуруди онҳо ба биноҳои давлатӣ монеъ мешавад.”, омадааст дар гузориш.

Инчунин гуфта мешавад, ки аз соли 2014 инҷониб Ҳукумат тамоми имомхатибонро худаш таъйин карда, аз онҳо пӯшидани либоси динии давлатиро тақозо кардааст ва мавъизаҳои онҳоро ба таври қатъӣ дикта мекунад. 

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон худсарона диндоронро, барои баёни осоиштаи эътиқоди худ, аз ҷумла онҳое, ки аз мавъизаҳои аз ҷониби давлат навишташуда даст мекашанд ва бе таъиноти расмии Ҳукумат мавъиза мекарданд, ё таълими динӣ додаанд ва ё кӯшиши паҳн кардани эътиқоди худро ба таври оммавӣ кардаанд, бо иттиҳомоти сохтаи терроризму экстремизм барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад. 

Комиссияи озодиҳои динии ИМА мегӯяд, ки моҳи августи соли 2022 мақомот як рӯҳонии мазҳаби Исмоилиро бо номи Музаффар Давлатмиров пас аз баргузории маросими дафни эътирозгарони кушташуда аз ҷониби Ҳукумат, ба иттиҳоми “ифротгароӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. 

Дар ин гузориш гуфта мешавад, соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон пайравони мазҳаби шиъаи исмоилияи кишварро, ки асосан сокинони ВМКБ ҳастанд, бештар саркӯб кард. “Мақомот дар ВМКБ дар пайи тазоҳуроти нимаи моҳи май эътирозгаронро саркӯб намуда, беш аз 200 нафарро боздошт кард. Бар илова, рӯзноманигорон ва онҳоеро, ки дар Русия қарор доштанд, ба Ватан баргардонда, зиндонӣ кард.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин афродеро, ки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) – як ҳизби сиёсии муътадили исломӣ, ки аз соли 2015 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, андаке робита доштанд, бо истифода аз саркӯбҳои фаромиллӣ ва дархости истирдоди аъзоёнаш аз кишварҳои дигар, мавриди ҳадаф қарор додааст. 

Дар гузориш гуфта мешавад, ки яке аз раҳбарони ҲНИТ, Зубайдулло Розиқи 80-сола дар як соли ахир ду маротиба барои таълими динӣ ба зиндониёни дигар, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст, дар утоқҳои махсуси муҷозотӣ, шиканҷа ва муҷозот кард.

Гузоришгарони ИМА таъкид мекунанд, ки Ҳукумат ба қайд гирифтани ҳамаи ҷамоатҳои диниро талаб мекунад. Ҷамоатҳои динии ба қайд гирифтанашуда наметавонанд ба таври қонунӣ маҷлисҳо ё маҷлисҳои динӣ даъват кунанд, моликият дошта бошанду барои мақсадҳои динӣ истифода баранд, адабиёти динӣ истеҳсол ё ворид кунанд, хайрия гиранд, корҳои хайриявӣ анҷом диҳанд ва шахсони хориҷиро барои иштирок дар фаъолияти динӣ даъват кунанд. Мисли маҳдудиятҳое, ки барои мусалмонон гузошта шудаанд, фарзандони оилаҳои насронӣ наметавонанд ба калисо ё дигар фаъолиятҳои марбут ба монанди лагерҳои динӣ раванд.

Ҳамзамон ишора мешавад, ки моҳи сентябри соли 2022 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид муайян кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо саркашӣ аз сабти номи “Шоҳидони Яҳво” моддаҳои 18 (1) ва 18 (3) Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои динӣ ё эътиқоди шаҳрвандонро кафолат медиҳад, нақз кардааст.

Комиссияи ИМА дар умури дин ба мақомоти кишвараш дар бораи Тоҷикистон чунин тавсияҳоро пешниҳод карда:

  • Комиссияи байналмилалии озодиҳои динӣ ба Ҳукумати ИМА тавсия додааст, ки Тоҷикистонро ҳамчун “Кишвари нигаронии хоса” ё CPC барои нақзи муназзаму дағалона вайрон кардани озодиҳои динӣ, ки Санади байналмилалии озодии дин (IRFA) муайян кардааст, дубора тасниф кунад;
  • Барои расондани кумакҳои амниятӣ ба Тоҷикистон, ИМА ба Тоҷикистон шарт гузорад, ки дар қонуни дини соли 2009 ислоҳот ворид кунад ва барои озодии дин ва эътиқод шароит фароҳам орад;
  • Ҷорӣ кардани таҳрими ҳадафмандона алайҳи ниҳодҳои давлатӣ ва мансабдорони масъули нақзи ҷиддии озодиҳои мазҳабӣ тавассути масдуд кардани дороиҳои ин афрод ва ё манъи вуруди онҳо ба Иёлоти Муттаҳида тибқи муқаррароти мақомоти молӣ ва раводиди марбут ба ҳуқуқи башар бо овардани далели нақзи мушаххаси қонунҳои озодиҳои динӣ;
  • Ба Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи боло фишор оваред, то афроде, ки дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои осоиштаи мазҳабӣ ё мансубияти мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд фавран озод карда шаванд ва дар бораи макони будубоши ҳамаи маҳбусони виҷдон, аз ҷумла онҳое, ки бо сабабҳои динӣ зиндонӣ шудаанд, ҳисобот диҳад ва ба нозирони байнулмилалӣ иҷоза диҳанд, то вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро назорат кунанд.

Гуфта мешавад, ин чанд соли охир созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мақомоти тоҷикро барои нақзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои диниву эътиқодӣ мавриди танқид қарор медиҳанд, аммо бо вуҷуди ин ҳама дархосту интиқодҳо мақомдорони Тоҷикистон ба нақзи ҳуқуқҳои диниву инсонии сокинон идома медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.