Ҷонибдори ҳукумт бо гумони 931 мавриди қаллобӣ боздошт шуд

Оятулло Гиляев, ки солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят ва мухолифонро бо лаҳни тунд интиқод мекард, бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 26-уми август бо нашри як гузориши видеоӣ хабар дод, ки Оятулло Гиляеви 38-сола дар Арабистони Саудӣ боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Алайҳи ӯ бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

ВКД мегӯяд, ки Гиляев бо истифода аз мавъизаҳои динӣ ва суҳбат дар бораи ояту ҳадис эътимоди шаҳрвандонеро, ки қасди сафари умра доштанд, ба даст меовард.

Ҳамчунин ӯ ҳамроҳ бо шариконаш худро намояндаи як ширкат дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон барои ташкили сафари умра маблағ мегирифтааст. Гиляев ба даст доштан дар 931 мавриди қаллобӣ гумонбар буда, ҳаҷми зарари расонидаша ба шаҳрвандон наздики 4 миллион сомонӣ гуфта мешавад.

Дар гузориши ВКД яке аз шаҳрвандон иддао мекунад, ки Гиляев худро корманди Шӯрои уламои Тоҷикистон муаррифӣ карда, барои ташкили сафари гурӯҳе ба Арабистони Саудӣ дар маҷмуъ 23 ҳазор доллар гирифтааст. Назари мақомот ва Шӯрои уламо дар ин маврид дастрас нест.

Худи Гиляев низ дар навори нашркардаи ВКД мегӯяд, ки аз мардум ва афроде, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекард, аз ҷумла фурӯшандагони чипта, қарздор шуда буд ва маблағҳои гирифташуда аз муштариёнро барои пардохти қарзҳо истифода кардааст.

Дар ин навор ҳамчунин аз шаҳрвандоне, ки эҳтимол аз фаъолияти ӯ зарар дидаанд, хостаанд ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.

Azda.tv ҳанӯз соли 2025 аз шикояти чанд корбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода буд, ки Гиляевро ба гирифтани маблағ барои ташкили сафари умра ва иҷро накардани ваъдаҳояш муттаҳам мекарданд. Он замон ин гуфтаҳо аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон расман тасдиқ нашуда буданд.

Узвият дар гуӯрӯҳҳои сиёсӣ

Дар гузориши ВКД Гиляев ҳамчун узви собиқи “Гурӯҳи 24” муаррифӣ шуда, таъкид мешавад, ки бар зидди ҷомеаи осоишта ва ҳукумати кишвар фаъолияти “тарғибгароёна” мебурд ва ҳашт сол қабл “бо эҳсоси пушаймонӣ” ба Ватан баргашта, афв шуд, “аммо роҳи мардумфиребиро пеша кард”.

Аммо, зоҳиран фаъолияти ӯ дар сафи мухолифин тӯлонӣ набудааст. Худи Гиляев моҳи январи соли 2016 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳамагӣ ду моҳ узви “Гурӯҳи 24” будааст ва танҳо як бор дар ҳамоиши мухолифон дар Новосибирск иштирок кардааст.

Ӯ охири соли 2014 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда, пас аз як сол озод гардид. Гиляев он замон дар Тоҷикистон ба “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” муттаҳам шуда буд.

Соли 2018 ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва ба гуфтаи мақомот, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд.

Пас аз бозгашт мавқеи Гиляев ба таври чашмрас тағйир ёфт, ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ба шиддаст ҳимоят мекард, мухолифонро танқид менамуд ва ба пахшҳои мустақими намояндагони мухолифин ворид шуда, бо онҳо баҳс мекард. Дар бархе аз ин баҳсҳо ӯ нисбат ба мухолифон аз лаҳни бисёр тунд ҳам истифода мекард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Толибон дар корхонаи панири Беларус: чаро аксҳои сафари ҳайат пок шуданд?

Ҳайате аз намояндагони Толибони Афғонистон ба Белорус сафар карданд, аммо аксҳои боздиди онҳо аз расонаҳо пок карда шудааст.

Муҳаммадиқболи Садриддин ба 21 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи низомии Русия Муҳаммадиқболи Садриддин, раҳбари Ҳаракати ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ва мудири пойгоҳи “Ислоҳ”-ро дар ғайбаш ба 21 соли зиндон маҳкум кард.

Наҳзати исломии Тоҷикистон баъди тағйири ном рамзҳояшро низ иваз кард

Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ) рӯзи 26-уми август аз қабули низомнома ва нишони нави худ хабар дод.

Пирӯзии ҳизби ҳоким дар Қазоқистон ва суолҳо дар бораи нақши мухолифин

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қазоқистон нишон доданд, ки ҳизби ҳизби президенти кишвар Қосим-Жомарт Тоқаев бо ба даст овардани 70 дарсади оро мавқеи асосиро дар сохтори нави қонунгузорӣ соҳиб шудааст.