21.9 C
Dushanbe

Имсол ҳам озодии матбуот дар Тоҷикистон дар “сатҳи паст” қарор дорад

Мувофиқи шохисҳои байналмилалӣ, имсол ҳам озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистон дар сатҳи поён қарор дошта, аз соли гузашта ҳам вазъ бадтар шудааст.

Дар арафаи “Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот”, ки ҳамасола рӯзи 3-уми май қайд мегардад, беш аз 40 расонаи ҷаҳонӣ дар эътилофе бо номи “One Free Press Coalition” муттаҳид шуданд, то таваҷҷуҳро ба рӯзноманигороне ҷалб кунанд, ки ба хотири гуфтани ҳақиқат мавриди таъқиб қарор гирифтаанд.

Ин эътилоф дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ), Гузоришгарони бидуни марз (RSF), Бунёди байналмилалии расонаҳои занон (IWMF) рӯйхати солонаи “10 ҳолати фаврии соли 2026”-ро нашр кардааст, ки дар он рӯзноманигороне аз Тоҷикистон, Эрон, Ҳонконг, Ветнам, Чин, Камерун, Филиппин, Озарбойҷон, Эфиопия ва Алҷазоир шомил шудаанд, ки бо иттиҳомҳои “терроризм” ва “фаъолияти зиддидавлатӣ” маҳкум ба зиндон гаштаанд.

Тибқи маълумоти CPJ, то охири соли 2025 дар ҷаҳон 330 рӯзноманигор дар боздошт қарор доранд, ки 61 дарсади онҳо маҳз тибқи моддаҳои “зиддидавлатӣ” маҳкум ба зиндон шудаанд.

Дар ин рӯйхат аз Тоҷикистон номи Улфатхоним Мамадшоеваи 69-сола оварда шудааст, ки соли 2022 пас аз эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошт шуд.

Мақомот рӯзноманигорро ба иттиҳомҳои сохтаи ташкили бетартибиҳо айбдор карда, алайҳи ӯ чанд иттиҳоми вазнин, аз ҷумла “хиёнат ба давлат”, “терроризм”, “таъсиси гурӯҳи ҷиноятӣ” ва “кӯшиши ғасби ҳокимият бо роҳи зӯр”, инчунин “куштор” ва “сӯиқасд ба куштор”-ро эълон карда, додгоҳ ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум намуд.

Гуфта мешававад, Мамадшоева ҳамчун рӯзноманигори мустақил маъруф буда, мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсии минтақа, инчунин масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи занонро пӯшиш медод.

Номи Улфатхоним Мамадшоева дар ҳоле вориди ин рӯйхат мегардад, ки Созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон таъкид мекунанд, ки вазъи ҳуқуқии шаҳрвнадон дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам “ниҳоят сангин” боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол роҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии RSF Жанна Кавеле дар суҳбат ба Azda.tv таъкид кард, ки дар Тоҷикистон “ҳеҷ беҳбудие дида намешавад — танҳо рукуд. Тоҷикистон бо назорати шадиди давлатӣ, рӯзноманигорони зиндонӣ ва қариб пурра аз байн рафтани расонаҳо яке аз бадтарин кишварҳо аз нигоҳи озодии матбуот боқӣ мемонад.”

Ҳамзамон дар индекси озодии матбуоти RSF дар соли 2026 Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон бо 32 хол ҷои 155-умро ишғол кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар соли 2025 дар ҷои 153-ум қаор гирифта буд. Дида мешавад, ки ду зина вазъи озодии матбуот бадтар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои харобиовар ба чанд шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон зарар расонд

Бар асари боронгариҳои шадид дар як ҳафтаи охир дар чанде аз минтақаҳои кишвар сел омада, ба аҳолӣ хисороти ҷиддӣ ворид кард.

Узви собиқи ҲНИТ-ро дар Исфара куштанд

ҲНИТ аз куштори фоҷиавии узви собиқаш Содиқов Маннони 61-сола, маъруф ба домулло Абдуманнон хабар дод.

Ҳабси боз як нафар барои фиристодани пул ба “Ислоҳ”

Дар Тоҷикистон боз як муҳоҷири собиқро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин маҳкум ба зиндон карданд.

Эҳтимоли азсаргирии ҳамлаи Амрико ба Эрон баррасӣ мешавад

Қарор аст рӯзи панҷшанбе, 30-ми апрел Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико нақшаи ҷадиди ҳамла ба Эронро, ки аз ҷониби низомиён пешниҳод мешавад, баррасӣ кунад.