29.9 C
Dushanbe

Имсол фарзандони мансабдорон низ ба артиш рафтанд

Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон дар мавсими тирамоии имсол 124 нафар аз фарзандони мансабдорон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуданд.

Гуфта мешавад, фарзандони мансабдороне, ки дар ин мавсим ба артиш даъват шудаанд, одатан мансабдорони шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар ва ё мансабдорони сатҳҳои поёнӣ мебошанд. Ба монанди фарзандони “раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоқикобод, Рашт, Бохтар, сардори шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод ва прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб” ба артиш ҷалб шудаанд.

Аммо аз мансабдорони калидӣ, ба монанди вазирону вакилон дар шаҳри Душанбе гузорише нашудааст. Ва 124 нафар дар муқобили фарзандони шаҳрвандони оддӣ хеле кам аст.

Ба гуфтаи баъзе фаъолон, дар Тоҷикистон мансабдорони зиёде дорем, ки фарзандонашон ба синни хидмати артиш расидаанд, аммо касе ҷуръат намекунад, дари онҳоро бикӯбаду ба фарзандашон даъватномаи ҳарбӣ диҳад. Натанҳо ба фарзандони мансабдорон, балки ба фарзандони хешу наздикони онҳо касе даъватнома намедиҳад. Аммо фарзандони мардуми оддиро ҳатто аз дохили донишгоҳ ва омӯзгорону табибони ҷавонро аз ҷои корашон бо тарзи “Облава” зӯран ба артиш мебаранд.

Дар ин чанд соли ахир ин нобаробарӣ фосилаеро байни ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон эҷод кардааст, ки ҳатто баъзе муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мегӯянд, ки фарзанди шаҳрванди оддӣ Ватанро ҳимоят мекунад, вале дар Ватан барои ӯ ҷои кори муносиб нест, боз маҷбур мешавад ба муҳоҷират рафта, бо заҳмати ҷон дар Русия барои ризқу рӯзии худ ва фарзандонаш кор кунад, аммо фарзандони мансабдорон, ки на дар ҳимояти Ватан дар сафи пешанд ва на дар муҳоҷират заҳмате мекашанд, ҳама имтиёзҳои мавҷуда дар кишвар барои онҳост, ҷойҳои кори муносиб ҳам насиби онҳост.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.