21.9 C
Dushanbe

Имсол барои ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон чорабиниҳои идона доир намешавад

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки дар қаламрави кишвар бахшида ба  ҷашни Истиқлол ҳамагуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ ва шабнишиниҳо мамнӯъ мебошад.

Сабаби баргузор нагардидани ҷашни Истиқлолро вобаста ба пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми каронавирус дар кишвар гуфтаанд. Аммо ба сайругашти мардум дар боғҳо ва маконҳои истироҳатӣ бо назардошти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода шудааст.

Имсол дар Тоҷикистон 9 сенябр 29 солагии рӯзи Истиқлол ҷашн гирифта мешавад. Ҳамасола ҷашни Истиқлол бо ҷалби ҳазорҳо донишҷӯ дар тамоми гушаву канори кишвар бо тантана таҷлил мешуд. Ба хотири баргузории ҷашну маросимҳои давлатӣ ҳукумати Тоҷикистон миллионҳо сомонӣ аз буҷаи давлат сарф мекунад, ки ҳамеша зери танқиди коршиносон қарор мегирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи март дар баробари авҷи босуръати каронавирус дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯзӣ дар Хуҷанд бо тантанаи хос ва харҷи зиёда аз 3 миллион доллар баргузор гардида буд.

Қабалан Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки аз баргузории ҷашни Наврӯз худдорӣ намоянд, вале ҳукумати Тоҷикистон пофишорӣ намуда, ҷашни Наврӯзро баргузор кард, ки ба гуфтаи фаъолон ва мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон яке аз сабабҳои бештар паҳн гардидани коронавирус дар кишвар гардиданд. Муҳиддин Кабирӣ раҳбари гурӯҳи мухолифони табъидии ПМТ дар пайи ин амалкарди ҳукумати кишвар ба хотири зери хатар мондани чони зиёди шаҳрвандон, истеъфои Эмомалӣ Раҳмонро талаб карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.