19.9 C
Dushanbe

Имтиҳонро барои кӯдакони муҳоҷирон осон мекунанд?

Вакилони парлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш) ба Русия пешниҳод карданд, ки имтиҳонҳоро барои кӯдакони муҳоҷирон соддатар кунанд.

Ҳайате аз вакилони қирғиз бо роҳбарии раиси Жогорку Кенеш Марлен Маматалиев бо сафари расмӣ ба Русия сафар карда, аз мактаби “Марьина Роща”-и Маскав дидан кардаанд ва бо раванди тести кӯдакони муҳоҷир барои дохил шудан ба синфҳои русӣ ошно шудаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, вакилон шахсан имтиҳон супурданд, то фишоре, ки кӯдакон рӯбарӯ мешаванд, арзёбӣ кунанд.

Вакилон аз мураккабии саволҳо гуфта, қайд карданд, ки баъзе саволҳо аз ҳадди санҷиши дониши асосии забони русӣ берунанд ва пешниҳод карданд, ки имкони соддатар кардани имтиҳонҳо барои хориҷиҳо баррасӣ шавад.

“Масъалаи дастрасӣ ба таҳсил барои кӯдакони ҳамватанони мо дар хориҷ ҳамеша афзалиятнок аст. Муҳим аст, ки шароити санҷиш фаҳмо ва адолатмандона бошад”, — таъкид кардааст Марлен Маматалиев.

Ҳайати вакилони қирғиз бояд бо раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин ва раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко мулоқот кунанд ва маълум нест ин пешниҳодро дар ин сатҳ хоҳанд кард ё на.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумури Русия Владимир Путин дар моҳи декабри соли 2024 қонунеро тасвиб карда буд, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон танҳо дар сурате ба мактаб қабул карда мешаванд, ки будубоши онҳо дар Русия қонунӣ бошад ва сатҳи дониши забони русии онҳо тавассути имтиҳон тасдиқ гардад.

Аммо коршиносони соҳаи таълим ва таҳлилгарон аз ин қонун интиқод карда, ҳушдор дода буданд, ки он боиси дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва наздик шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳушдорҳо раиси Дума Володин назорат аз болои татбиқи ин қонунҳоро муҳим дониста, мегӯяд, ки дар ҳолати зарурӣ ба онҳо ислоҳоти иловагӣ ворид карда мешаванд. Ҳамчунин ӯ гуфта буд, ки шумораи назаррасе аз кӯдакони муҳоҷир натавонистанд чунин имтиҳонро супоранд ё шароити зарурии иқомати худро тасдиқ кунанд, ки ин монеа барои қабули онҳо ба мактабҳо шуда буд.

Ва эҳтимоли зиёд меравад, ки пешниҳоди вакилони қирғиз барои соддатар кардани имтиҳонҳо қабул намешавад, чун дар охири моҳи январ 2026, Қирғизистон ба Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) шикоят карда буд, ки Маскав қоидаҳои иттиҳодро вайрон мекунад ва ба аъзои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии қирғиз суғуртаи тиббиро намедиҳад, аммо ин додгоҳ шикояти ҷониби Қириғистионро бароварда накард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мошинҳои паранда ба Тоҷикистон меоянд

Сомонаи StreetInsider рӯзи 26 марти соли ҷорӣ хабар медиҳад, ки 50 адад мошини парвозкунандаи як ширкати амрикоӣ ба Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 26-уми март бо як сафари давлатии дурӯза ба Узбекистон рафт. 

Дар Русия муҳоҷирони Осиёи Марказиро бо ҳиндуҳо иваз мекунанд?

Пас аз ихроҷи садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ оё бозори кории Русия аз ҳисоби муҳоҷирони Ҳиндустон пур мешавад? 

Боздошти як марди тоҷик дар Абхозистон ба ҷурми ифротгарӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистони муқими Абхозистон бо иттиҳоми нашри муҳтавои ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ боздошт ва ба Русия бозгардонида шудааст.