Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 26-уми март бо як сафари давлатии дурӯза ба Узбекистон рафт. 

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Тошкент-Ҳумо Эмомалӣ Раҳмонро худи Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали сафар Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ба пояи муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ» гул гузошта, музокироти ҷониби Тоҷикистону Узбекистон дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ, инчунин ҷаласаи нахустини Шӯрои олии байнидавлатӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар ҷаласа масъалаҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими шарикии стратегӣ, густариши муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва таъмини амнияти обу энергетикиро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар музокирот аз таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ гуфта шудааст.

Аз рӯйи натиҷаҳои музокирот беш аз 15 санади дуҷониба, аз ҷумла изҳороти муштарак оид ба таҳкими шарикии стратегӣ, барномаи зиёд намудани гардиши мол то 2 миллиард доллар то соли 2030, инчунин созишномаҳо ва харитаҳои роҳ дар соҳаҳои фарҳанг, ҷавонон, сайёҳӣ, саноат, инноватсия, кишоварзӣ, илм, молия, тандурустӣ, нақлиёт, технологияҳои рақамӣ ба имзо расидаанд.

Ҳамчунин дар толори Қасри Куксарой Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маросими оғози бунёд ва ифтитоҳи чанд иншоот дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок карданд.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон сохтмони ҳафт иншоот бо арзиши умумии тақрибан 98 миллион доллар ва дар Узбекистон панҷ лоиҳа бо маблағи зиёда аз 63 миллион доллар оғоз гардидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои президентҳо ҳоло дар сарзамини Узбекистон 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва дар Тоҷикистон 131 корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон фаъолият доранд ва гардиши мол миёни ду кишвар ба 1 миллиард доллар расидааст.

Ҳамчунин дар доираи сафари Раҳмонов ба Узбекистон баргузории форуми байниминтақавии соҳибкорӣ, “Шоми дӯстӣ” ва Рӯзҳои фарҳангии кишварҳо пешбинӣ шуда, рӯзи дуюм ҳайати Тоҷикистон ба Бухаро рафта, бо ёдгориҳои таърихии шаҳр шинос мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.