12.9 C
Dushanbe

Имзои 31 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин

Имзои 31 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин дар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин нишон дод, ки Душанбе Чинро шарики стратегӣ ва такягоҳи асосии худ медонад.

Бино ба гузориши АМИТ “Ховар”, рӯзи 12-уми майи соли 2026 дар шаҳри Пекин дар доираи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин маросими имзои бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ баргузор шуд. Дар маҷмуъ 31 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фанноварӣ, зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, маориф ва ҳамкориҳои гуманитариро дар бар мегиранд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекард. Расонаҳои давлатӣ ин марҳилаи муносибатҳои ду кишварро бо шиори “Дӯстӣ — абадан, душманӣ — ҳеҷ гоҳ” тавсиф карданд.

Дар миёни муҳимтарин санадҳои имзошуда, изҳороти муштарак дар бораи густариши шарикии стратегии ҳамаҷониба дар “даврони нав”, аҳдномаи ҳамҷавории неку абадӣ ва санадҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ қарор доранд. Ҳамчунин, ду тараф барои таъсиси маркази муштараки татбиқи зеҳни сунъӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ дар ин самт ба тавофуқ расиданд.

Бахши дигари созишҳо ба иқтисод ва зерсохтор марбут аст. Аз ҷумла, ҷонибҳо барои таҷдиди гузаргоҳи марзии Кулма, рушди ҳамкории рақамӣ дар тиҷорат, иҷрои нақшаи муштараки солҳои 2026–2028 дар соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва таъсиси шӯрои корӣ байни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар санадҳо имзо карданд.

Инчунин гуфта мешавад, дар бахши кишоварзӣ ва маориф низ чанд тавофуқи муҳим ба даст омадааст. Аз ҷумла, қарор аст дар Тоҷикистон парки инноватсионии илмию техникии кишоварзӣ таъсис шавад. Ҳамчунин, протоколҳое барои содироти гӯшти мурғ, олу ва зардолу аз Тоҷикистон ба Чин ба имзо расиданд.

Яке аз санадҳое, ки таваҷҷуҳи нозиронро бештар ҷалб кардааст ин: ёддошти тафоҳум миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин барои солҳои 2026–2028. Ин ҳуҷҷат табодули таҷриба дар идоракунии давлатӣ, омӯзиши кадрҳои ҳизбӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангиро пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки Донишгоҳи Пекин ба Эмомалӣ Раҳмон унвони “профессори фахрӣ” додааст.

Ин сафар дар ҳоле анҷом шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар ҷаласаи Маскав иштирок накард. Бархе таҳлилгарон инро нишонаи тағйири тадриҷии самти геополитикии Тоҷикистон медонанд; кишваре, ки солҳои охир ҳарчи бештар ба Чин наздик мешавад ва вобастагии иқтисодии он аз Пекин афзоиш меёбад.

Коршиносон мегӯянд, Чин имрӯз ба яке аз муҳимтарин шарикони иқтисодии Тоҷикистон табдил шудааст. Тибқи оморҳои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкати чинӣ фаъолият мекунанд ва ҳаҷми сармоягузориҳои Чин аз соли 2009 ба ин сӯ аз 4 миллиард доллар гузаштааст. Дар айни замон, зиёда аз нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистон — беш аз 3 миллиард доллар — ба Чин рост меояд, ки нигарониҳо дар бораи афзоиши вобастагии иқтисодӣ ва сиёсиро бештар кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти сафири собиқи Италия дар Узбекистон

Собиқ сафири Италия дар Узбекистон Пиергабриэле Пападиа бо гумони даст доштан дар "фурӯши визаҳои Шенген" ба шаҳрвандони Русия боздошт шуд.

Мулоқоти Имомуддин Сатторов бо мақомоти лаҳистонӣ

Сафири Тоҷикистон дар кишварҳои Лаҳистон, Олмон ва Чехия Имомудин Сатторов бо мақомоти Лаҳистон ва муҳоҷирони тоҷики муқими ин кишвар мулоқот кард.

Ҷаҳонро вируси нав таҳдид мекунад? СҶБ аз хуруҷи вируси нав хабар дод

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз хуруҷи вируси хатарноки наве бо номи "Hantavirus" хабар дод. Гуфта мешавад, ин вирус бори аввал дар киштии Ҳолландии MV Hondius шиносӣ шуд.

Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми “таҳдид ба амният” ихроҷ кард

Мақомоти марзбонии Лаҳистон чанд шаҳрванди хориҷиро аз ин кишвар ихроҷ карданд, ки дар байни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст.