9.9 C
Dushanbe

Имзои чанд санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Муғулистон

Пас аз анҷоми музокироти раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар шаҳри Душанбе даҳ санади ҳамкориро миёни ниҳодҳои гунонуни ду кишвар ба имзо расид.

Имрӯз, 24-уми июл дар Қасри миллат Раҳмонов ва Хурэлсух ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар мавриди рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба имзо гузоштанд.

Илова бар ин, бастае иборат аз даҳ ёддошти тафоҳум байни ниҳодҳо ва ташкилотҳои гуногуни кишварҳо тасдиқ гардид, ки доираи васеи самтҳои ҳамкории ҷонибҳоро дар бар мегиранд. Аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои имзошуда, ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, инчунин ёддоштҳои тафоҳум дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва технологияҳои рақамӣ, ҳамкориҳои илмӣ, амниятӣ, таҳлилӣ ва фаъолияти осорхонаӣ мебошанд.

Баъди маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ, нишасти матбуотии сарони давлатҳо ва нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ шоми 23-юми июл ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон омада буд.

Сафари давлатии раисҷумҳури Муғулистон то 26-уми июл идома ёфта, дар баробари мулоқоту музокироти сатҳи олии кишварҳо ва имзои санадҳои нави ҳамкориву ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, рӯзҳои фарҳанги Муғулистон низ шоми имрӯз дар Тоҷикистон баргузор мегардад.



Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷангро Амрико шуруъ кард, аммо кӣ онро хотима медиҳад?

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон тайи ҳамлаи мушакии муштараки Амрико ва Исроил ба ин кишвар кушта шуд.

Суқути чанд ҳавопаймои ҷангии Амрико дар Кувайт

Вазорати дифои Кувайт рӯзи душанбе аз суқути чанд ҳавопаймои ҷангии Амрико дар хоки ин кишвар хабар дод. Вале маълум нест, шумори дақиқи ҳавопаймоҳо чандто аст.

Изи ВКД-и Тоҷикистон дар занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар Варшава

Дар пайи як занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Варшаваи Лаҳистон се зодаи Тоҷикистон боздошт гардида, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт.

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд

Субҳи рӯзи 28-уми феврали соли 2026 Амрико дар ҳамроҳӣ бо Исроил ҳамлаҳои низомии худро бар зидди Эрон оғоз карданд.