19.9 C
Dushanbe

Юсуф Раҳмон ҲНИТ-ро дар Саудӣ муаррифӣ кард

Тоҷикистон талош дорад Арабистони Саудӣ расман мухолифон, аз ҷумла ҲНИТ-ро ҳамчун созмони террористӣ эътироф кунад.

Бино ба иттилои рӯзномаи ар-Риёзи Араибстони Саудӣ, шанбеи 27-уми августи соли 2022 Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар раъси як ҳайате вориди ин кишвар шуд.

Ба қавли манбаъ, Юсуф Раҳмон дар мулоқот бо ҳамтои Арабистониаш Сауд бин Абдуллоҳ ал-Муъҷиб дар робита ба салоҳиятҳои прокуратура, коркарди ҳукумати электронии пешрафта дар соҳаи мақомоти прокуратура ва дигар мавзуъҳо суҳбат кардааст.

Инчунин сомонаи прокуратураи Тоҷикистон ҳам хабар додааст, ки “дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дар ҳудуди Арабистони Саудӣ ҳамчун террористӣ эътироф намудани баъзе ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории трансмиллӣ муҳокима гардиданд.”

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон 7 сол инҷониб талош доранд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва созмонҳои мухолифинро дар минтақа ҳамчун созмони террористӣ ва ифротгароӣ муаррифӣ кунанд, аммо то ҳол муваффақ нашуданд.

Бо вуҷуди он ки моҳе пеш Игор Краснов, додситони кулли Русия зимни як сафар ба Тоҷикистон эълон карда буд, ки қасд доранд, ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон кунанд, аммо то ҳол дар ин бора хабари ҷадиде нашр на шудааст. Бо ин ҳол ин хабар мақомоти Тоҷикистонро хушҳол ва вокуниши раҳбарони ҲНИТ-ро ба бор оварда буд.

Акнун, вақте Юсуф Раҳмон мегӯяд, ки “муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароӣ” дар раъси онҳо созмонҳои мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ҲНИТ-ро дар назар дорад ва бо ҳамин хотир таъкид мекунад, “бо ҳадафи мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, пулшӯӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва табодули таҷриба Ёддошти тафоҳум имзо кардаанд.”

Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки нисбат ба мухолифони сиёсӣ ва дигарандешон дар кишвараш бисёр сахтгир аст. 9-уми августи соли ҷорӣ расонаҳои арабӣ барои 34 сол аз озодӣ маҳрум шудани Салмо Аш-Шаҳоб, як зани 34-сола, ки ҳамчун фаъоли ҷомеаи маданӣ дар ин кишвар шинохта мешуд, хабар доданд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Саудӣ дар террористӣ эътироф кардани созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия шояд кӯтоҳӣ накунад ва эҳтимол меравад онҳоро дар фурсатҳои наздик дар рӯйхати созмонҳои мамнуъи худ ворид кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.