24.9 C
Dushanbe

Иноятзода бо гирифтани 400 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам мешавад

Акс аз: Asia-Plys

Собиқ шаҳрдори Кулоб Баҳром иноятзода бо гирифтани пора ба миқдори 400 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста паравандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ оғоз шудааст. Дар ин бора Абдураҳим Раҳимзода, прокурори вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ 16 июл ба рӯзноманигорон хабар дод.

Абдураҳим Раҳимзода, прокурори вилояти Хатлон гуфт: “ба мо шикоят ворид шуда буд, аз рӯи санҷиши шикоят мо аввал нисбати ронандаи раиси шаҳр парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардем ва дар вақти тафтишот муайян гашт, ки Иноятзода ба воситаи ронандааш маблағҳои муайянро барои ҷудо кардани замин мегирифтааст. Асосҳои ҳуқуқӣ ҷамъ карда шуд нисбати раиси шаҳр парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуд. Ҳоло тафтишот бо парвандаи ҷиноятӣ идома дорад ва оиди 12 лаҳзаи ҷиноят бо гирифтани 400 ҳазор сомонӣ муайян карда шудааст”.

Прокурори вилояти Хатлон дар идома афзуд, “агар дар рафти тафтишоти пешакӣ ҳолатҳои нави ҷиноят пайдо шаванд, онҳоро муайян мекунем ва дар мавридашон чораҳои зарурии тафтишотиро меандешем”.

Пештар прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба рӯзноманигорон гуфт, нисбати раиси собиқи шаҳри Кулоб Баҳром Иноятзода ба гумони даст доштан дар ҷинояти марбут ба заминфурӯшӣ парванда оғоз боз шудааст. Прокурори генералӣ гуфта буд, ки ӯ бо иттиҳоми “фасодкорӣ” дастгир шуда  парвандааш дар баррасӣ аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.