33.9 C
Dushanbe

ИНТЕРПОЛ дар Душанбе ҷаласа мегузаронад

Қарор аст фардо, 29-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои ду рӯз ҷаласаи раҳбарони Бюроҳои Марказии Миллии Интерполҳои Осиёи Марказӣ баргузор шавад.

Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷаласаи мазкур бо роҳбарии Директор дар умури ҳамкориҳои глобалии Котиботи Генералии Интерпол ҷаноби Абдулазиз Убайдалла рӯзҳои 29-30 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин ВКД иттилоъ дод, ки ҷаласаи раҳбарони Бюроҳои Марказии Миллии Интерполҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе бо ҳузури намояндагони зиёда аз 16 кишвари дунё баргузор мегардад.

Дар ин ҷаласа “масъалаҳои рушду инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи ташкилоти байналмилалии Интерпол, амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, густариши минбаъдаи муносибатҳо дар соҳаи мубориза бо терроризм, таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.”


Тоҷикистон аз октябри соли 2004 ба Пулиси байналмилалии ИНТЕРПОЛ узв шудааст. Мақомоти тоҷик пас аз соли 2015 даҳҳо шаҳрванди худро барои ҷустуҷӯ дар пайгарди байналмилалӣ тавассути ин ниҳоди ҷаҳонӣ қарор дода буд. Ба гуфтаи бархе коршиносон, мақомоти тоҷик аз Пулиси байналмилалӣ истифода карда, баштар дигарандешону чеҳраҳои мухолифи шинохта ва бахусус мухолифони сиёсии худро ба рӯйхати он шомил карда аст. https://azda.tv/barghuzorii-chalasai-intierpol-dar-dushanbie/

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.