Интихоботи парлумонии Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?

Рӯзи 2-юми марти соли 2025 аз соати 6-и субҳ то 20:00 дар кишвар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Тавре хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дод, имрӯз соати 10 ба вақти маҳаллӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботро дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ эълон кард.

Раиси КМИР гуфт, дар интихоботи парлумонии кишвар аз рӯйхати ҳизбӣ, ба ҷонибдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 2 миллиону 435 ҳазору 541 нафар овоз доданд, ки 51,9%-и овозҳоро ба даст оварда, дар парлумон 12 курсиро соҳиб гашт ва ҳамин тариқ пирӯзи мутлақ ҳизби ҳоким дониста шуд.

Аммо дигар ҳизбҳо, аз ҷумла Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо ба даст овардани 21 дарсади овозҳо 5 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон бо 5,1 дарсади овозҳо 1 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо 12,7 дарсади овозҳо 3 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,3 дарсади овозҳо 1 курсиро ба даст оварданд ва намояндагонашон вориди парлумон шуданд. Аммо Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо 1,9 дарсади овозҳо ҳеч курсие ба даст наовард.

Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, дар интихоботи порлумонӣ 85,3 дарсад аҳолии қобили райъи Тоҷикистон ширкат карда, овоз додаанд.

Масъулини Комиссияи марказӣ ва раъйпурсии кишвар интихоботи вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро анҷомёфта ва шаффоф эълон кард.

КМИР мегӯяд, раванди ин интихоботро 229 нозири байналмилалӣ назорат карданд. Аммо гуфта нашудааст, ки ин нозирон аз кадом созмонҳои байналмилалӣ буданд.

Дар ҳоле мақомот аз вуҷуди нозирони байналмилалӣ иддао мекунанд, ки чанде пеш намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хабар дода буданд, ки мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи надодани аккредитатсия нагузоштанд раванди интихоботро назорат кунанд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ҳеч расонаи мустақиле барои пӯшиши раванди интихоботи дирӯзаи Тоҷикистон ҳузур надошт. Ахиран Радиои Озодӣ бо нашри хабаре иттилоъ дода буд, ки аз ҷониби мақомот барои ҳузур ва пӯшиши интихобот иҷозат дода нашуд.

Рӯзи душанбе як манбаъ бидуни зикри ном ба Azda TV гуфт, “дирӯз дар беморхонаи “Қарияи Боло”-и Душанбе масъулин омада тамоми бемордоронро ба нуқтаи овоздиҳӣ бурданд ва аз рӯи паспорт ному насабҳоро навиштанду худашон дар варақаи овоздиҳӣ шахси мавриди назарашонро интихоб карданду дар сандуқ гузоштанд ва гуфтанд, ки акнун равед.”

Ҳамзамон як манбаи дигар аз ноҳияи Рӯдакӣ низ дар тамоси телефонӣ гуфт, “шоҳид будам, ки як нафар шиносномаҳои зиёдеро дар даст оварда ба як масъули участкаи интихоботӣ дод ва масъул аз номи ҳама худаш овоз медод.”

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, тақаббул дар интихоботҳои президентӣ ва парлумонии Тоҷикистон кори нав нест. Ҳатто замоне ки ҳизбҳои мухолифи фаъол, монанди ҲНИТ ва ҲСДТ дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур доштанд ва нозирони созмонҳои байналмилалӣ, монанди САҲА дар дохили кишвар раванди интихоботро назорат мекарданд, боз ҳам садҳо ҳолати тақаллуб фош мешуду дар расонаҳо нашр мегашт, ва аммо Ҳукумат ҳамеша тақаллубро инкор карда ва интихоботҳоро демократӣ ва шаффоф эълон мекард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.