Доду ғиреви нафақахӯрон ва омодагиҳо ба тақсими китоби “Тоҷикон”
Барои моҳи дуввум аст, ки нафақахӯрони Тоҷикистон дарсадии афзуда ба моҳонаи худро дарёфт намекунанд ва аз ин ба гуфтаи худи онҳо, ”ваъдахилофӣ” ва “ғиромбозӣ”-и ҳукумат сахт дар хашму ғазаб шудаанд.
Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди афзоиши 15% моҳиёнаи нафақахӯрони тоҷик ҳанӯз дар аввали августи соли ҷорӣ ба имзо расида ва қарор буд, ки он аз моҳи сентябр дар амал татбиқ бишавад. Аммо ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид “задний ход” задааст ва аксарияти бознишастаҳои тоҷик инак баъди ду моҳи ба иҷро даромадани ин фармон ҳамоно маоши қабл аз инро мегиранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ин муддат нархи тамоми маҳсулоти ғизоӣ то 30% боло рафта ва ин қишри ҷомеа тавони харидории бе ин ҳам заифи худро тамоман аз даст дод.
“Моро фиреб карданд. Гуфтанд, ки ба нафақаатон 15 фоиз илова шуд. Моҳи сентябр ҳамон маоши пешинаро гирифтам. Гуфтам, ки чаро зиёд нашуд?Коргари “Амонатбонк” ҷавоб дод, ки ҳарчи ки дар ҳисобатон буд, ҳамонро додам. Раведу аз ҳукумати ноҳия пурсед. Омадам ҳукумати ноҳия ва ба шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ даромадам. Онҳо гуфтанд, ки хола маошатон зиёд шудагӣ. Дар моҳи оянда ҳам барои ин моҳ ҳам барои он моҳ мегиред. Вале ҳоло ду моҳ мегузарад, ҳамагӣ 30 сомонӣ зиёд шудааст. Дар ҳоле, ки мебоист 45 сомонӣ зиёд мешуд ва барои ду моҳ 90 мешуд. То ин дараҷа ошкоро дурӯғу ғиромбозиро мани нафақахӯр акнун дида истодаам. Агар давлат имконият надошт чӣ даркор буд ин ҳама лофу воҳимаи зиёд кардани нафақаи бе ин ҳам ночизи мо”?
Хабарҳое, ки аз дохили ватан ба мо мерасад, касро ба ин хулоса меорад, ки дар низоми пардохти нафақа як навъ ҳарҷу марҷи бесобиқа ба вуҷуд омадааст. Қабл аз ин ҳам маоши нафақахӯрони кишвар, ки куҳансолону маълулинанд зиёд шуда буд. Аммо як чунин сардаргумӣ ва нофаҳмиҳо пеш намеомад.
Барои мисол як нафар аз онҳое, ки аз ҳисои беморӣ ба нафақа баромадааст, ба истилоҳ инвалиди гурӯҳи сеюм аст дар сӯҳбат гуфт, ки дар моҳи сентябр ӯ 15% зиёд гирифт. Нафақапулиаш зиёд шуд. Аммо гуфт ӯ дар моҳи октябр, ки чанд рӯз пеш гирифт, кам шудааст ва маоши пешинаашро доданд. Вай гуфт, ки касе аз масъулин натавонистанд, ки ҷавоби саҳеҳ бидиҳанд, ки инҷо чи гап аст?
Дар расонаҳои иҷтимоӣ низ ин масъала дар ин авохир ба як масъалаи доғи ҷомеа табдил шудааст. Зеро ин як рафтори комилан ғайритавҷеҳ аст ва бо ҳиҷ далеле наметавон онро сафед карду дуруст хонд. Ҳол асли қазия чӣ аст? Чаро якчунин бебандуборӣ пеш омадааст? Иҷро ва ё татбиқи фармони раисҷумҳур чаро бо чунин вазъият печидааст. Ин нишонаи он аст, ки давлат имконият надоштааст ва зарфияти давлат то ба ин ҳад заиф шуда, ки тасмими дар сатҳи олӣ гирифта ва бо фармон ба иҷрогузошта ба амал бароварда намешавад?
Ҳанӯз дар моҳи август, ки фармони 15% афзоиши нафақапулӣ ба нашр расид, бархе аз таҳлилгарон бо таваҷҷӯҳ ба хисороти ворида аз коронавирус ба иқтисоди кишвар иҷрои онро таҳти савол қарор дода буданд. Аммо Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон итминон дода буд, ки ин маблағ дар бюҷети давлат пешбинӣ шудааст ва ҳукумат тавони пардохти онро дорад.
Вале ба назар мерасад, ки фармони 15% боло бурдани андозаи маоши бознишастаҳо як дурӯғи навбатии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ будааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои пӯшонидани нотавонӣ ва заъфи худ аз ҳилла кор гирифта истодааст. Соли ҷорӣ гӯиё барои соҳибкорони хурд, онҳое, ки бо патент ба тиҷорат машғул буданд барои коҳиши зиёни расида аз коронавирус се моҳ маофияти андоз дод. Аммо маълум шуд, ки тамоми дуконҳои хурди тиҷоратӣ андоз бояд бисупоранд ва ин маофият барои онҳое будааст, ки дар бозор ба истилоҳ “точка” доштаанд.
Ин дар ҳолест, ки фаъолияти бозорҳо ва фурӯшгоҳҳои бузурги кишвар дар ин муддат баста эълон шуд. Яъне барои ҳеҷ андозсупоранда ва ё соҳибкори хурд ҳеҷ сабукӣ дар пардохти андоз дода нашудааст. Ҳамин ҳолат ин шабурӯзҳо дар кишвар вобаста ба таъминоти нерӯи барқ идома дорад. Ҳол авзоъ ба ҳадде нигаронкунанда шудааст, ки дар баъзе аз манотиқ шабона ҳам дастрасӣ ба нерӯи барқро маҳдуд кардаанд ва нуқтаи бонкҳо ва ҳатто бемористонҳо аз барқ маҳрум ҳастанд. Дар ҳоле, ки ҳукумат ва раиси он огоҳ буд, ки ҳавзи Норак пур нашудааст мебоист чора меҷуст. Барои мисол аз Узбекистон ва ё Қазоқистон харидорӣ мекард. Аммо ин корро накард.
Як нафар аз кормандони ширкати “Барқи тоҷик” ки бо далоили маълум нахост номаш зикр шавад гуфт, беш аз 70% қарздорони нерӯи барқ хешу таборони худи Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Вай гуфт, ки худи Раҳмон медонад, ки бархе аз сокинони совхози Чапаеви Колхозободи собиқ ба миллионҳо сомонӣ аз нерӯи барқ қарздоранд вале намедиҳанд. Ҳамчуноне маълум мешавад бузургтарин корхонаҳое, ки қарздорони асосии андоз мебошанд ба онҳое тааллуқ дорад, ки онҳо низ аз бастагону наздикони худи Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Аз тарафи дигар маълум мешавад, ки тамоми ҳисобу китобҳои ҳукумат дар мавриди афзоиши 15% нафақа рӯякӣ будааст ва барои онки гиребони худро аз чанги нафақахӯрон раҳонад ба баҳонакобӣ рӯ овардааст. Бояд аз ҳамон оғоз мегуфт, ки нафақа на 15% балки ҳамагӣ 31 сомонӣ баланд мешавад. Ин як навъ аҳмақ ва аблаҳ пиндоштани халқи худ аст, ки тӯли 28 сол на як бору ду бор мушоҳида шудааст.
Ҳанӯз дар соли 2010 наздики 200 миллион доллар аз аҳолӣ барои Роғун пул ҷамъ карданд. Ин пулҷамъкунӣ ба баҳонаи харидории саҳмия ҳоло чӣ натиҷа дода истодаастро мардум дар ҷими худ, дар пӯсти худ эҳсос карда истодааст.
Ахиран Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҳукумати Тоҷикистон иқрор кард, ки ҳаҷми нафақа на аз ҳисоби андозаи умумии он, балки аз ҳисоби ҳадди аққали нафақа зиёд шудааст. Ҳадди аққали нафақа дар Тоҷикистон 207 сомонӣ муқаррар шудааст. Ба ин тартиб маоши нафақаи бознишастагон 15 % танҳо аз ҳисоби ҳамин 207 сомонӣ зиёд шудааст.
”Бар фарзи мисол агар як нафар то 1 сентябри соли 2020 ҳаҷми нафақааш 420 сомонӣ буд, пас аз 1 сентябри соли 2020 нафақааш чунин зиёд шуд: 15% аз 207 (ҳадди ақали нафақа) = 31,05 сомонӣ +420 = 451,05. Мешавад хулоса кард, ки нафақа ҳамагӣ 31,05 сомонӣ зиёд шудааст”.
Корманди ширкати “Барқи тоҷик” дар идома гуфт, “бо ин вуҷуд, ки Раҳмон авзоъи воқеиро комилан медонад, дар садади рафъ ва ё бартараф кардани он нест. Баракс дар ҷаласаҳои “узкий круг” вазирону раисонро ошкоро дашному ҳақорат дода миннат мегузорад, ки “чунин шароити шику люксро дар хоби шабатон ҳам намедидед, агар ман раиси ҷумҳур набудам. Ман ҳастам, ки шумо вазиру раис ва кайфу сафо карда гаштаед. Ҳукумат аз дасти ман равад ҳеҷ кадоми ту инҷо кор намекунӣ!!! Инро фаромӯш накунед!!”
Аз инҷост, ки касе ҷуръат намекунад бигӯяд, ки дар чунин вазъият ва дар чунин шароит чопи китоби “Тоҷикон” ба 137 миллион сомонӣ чӣ зарурат дорад? Зеро ҳамаи онҳо медонанд, ки даромади 80 миллион сомонии аз ин китоб ба даст меомада ба суратҳисобҳои оффшории Раҳмон ва домоди ӯ мерезад. Гумон намеравад дар чунин шароит агар худи Бобоҷон Ғафуров зинда буд, розӣ мешуд, ки аз ҳисоби бюҷети мамлакат ба нашри китобаш пул ҷудо бишавад. Зеро ҳар кор вақту соат дорад. Аммо чуноне мебинем омодааст, ки аз Камбоҷа-кишвари қашшоқи дунё гумпомош бигирад, нафақахӯронаш аз гушнагӣ бимиранд вале ӯ китоб чоп кунаду 7 миллион доллар фоида ба даст орад. Ва, ҷаласае хос барои тавзеъу тақсими онро баргузор кунад. Воқеан ҳам дуруст гуфтаанд, ки “ишкамсерро чӣ парвои гурусна?”
Сорбон Азимӣ, таҳлилгар
Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.