Испания бо шикасти Фаронса ба финали Ҷоми ҷаҳонии 2026 роҳ ёфт

Дар нахустин бозии нимфиналии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, ки шаби 14 июл дар варзишгоҳи шаҳри Даллас баргузор шуд, мунтахаби Испания бо ҳисоби 2:0 бар тими Фаронса пирӯз шуда, роҳхат ба финалро ба даст овард.

Испания ҳисобро дар дақиқаи 22-юм боз кард. Микел Ойарсабал зарбаи ҷаримавии таъиншударо, ки пас аз қоидавайронкунии Люка Дин нисбат ба Ламин Ямал ба даст омада буд, бомуваффақият ба гол табдил дод.

Дар нимаи дуюми бозӣ, дақиқаи 58-ум, Педро Порро бо истифода аз паси дақиқи Дани Олмо голи дуюми Испанияро ба самар расонд ва натиҷаи ниҳоии бозиро 2:0 муайян кард.

Мунтахаби Фаронса, ки то ин марҳила бо хатти ҳамлаи пурқуввати худ, аз ҷумла Килиан Мбаппе, Усмон Дембеле ва Майкл Олисе маъруф буд, дар ин вохӯрӣ натавонист имкониятҳои ҷиддии голзанӣ эҷод кунад. Хатти дифоъи Испания низ бори дигар рахнанопазириашро собит сохт. Ин хат дар ҷараёни мусобиқоти имсола то ин марҳила ҳамагӣ як маротиба рахна шудааст.

Ин нахустин шикасти Фаронса дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 буда, шогирдони Дидйе Дешам имкони роҳ ёфтан ба финали сеюми пайдарпайи худро аз даст доданд. Акнун онҳо рӯзи шанбе барои ишғоли ҷойи сеюм ба майдон мебароянд.

Испания, ки соли 2010 унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст оварда буд, акнун рӯзи 19 июл дар финали мусобиқа, ки дар варзишгоҳи МетЛайф дар иёлати Ню-Ҷерсӣ баргузор мешавад, бо ғолиби дидори дигари нимфинал байни Англия ва Аргентина рақобат хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Дулан”-ҳои “соҳибдор” ва сокинони рӯ ба раҳми Худо

Марги чанд нафар дар асари як садама бинобар нуқси фаннӣ (техникӣ) фоҷеъаи табиӣ нест ва дар дилхоҳ кишвари мардумсолор зилзила бармеангезад.

Ду рӯзноманигори тоҷик баъди афв озод шуданд: яке ба соҳибкорӣ, дигаре ба табобат машғул мешавад

Ду рӯзноманигори тоҷик — Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода...

Мақомот: Муҳоҷирати корӣ 1,7 дарсад коҳиш ёфт, аммо шумораи расмии бекорон афзуд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали соли 2026 муҳоҷирати...

Аз курйерӣ дар Русия то асорат дар Украина – саргузашти як шаҳрванди Тоҷикистон

Навори муроҷиати шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Азимзода Давлат Одина, ки...