Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии “Ҳамкорӣ–2026” бомуваффақият анҷом ёфтанд.

Бино ба иттиллои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ин машқҳо аз 6 то 10-уми апрели соли 2026 дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” бо иштироки нерӯҳои низомӣ ва сохторҳои қудратии кишвар баргузор гардиданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин размоиш тамринҳои баталионӣ-тактикӣ ва тирпаррониҳои ҷангӣ гузаронида шуда, омодабошии ҷангии нерӯҳо дар шароити кӯҳсор санҷида шудааст. Ҳамзамон, барои иҷрои вазифаҳо аз техника ва таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳҳои бесарнишин ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ васеъ истифода бурда шуд, аммо Вазорати дифоъ зикр накадааст, ки аз кодом навъи дастгоҳои бесарнишин истифода кардааст.

Ҳадафи асосии машқҳо такмили маҳорати ҳарбӣ, нобудсозии гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст ва таъмини амнияти сарҳади давлатӣ гуфта мешавад.

Истифода аз паҳподҳо дар тамринҳои низомӣ дар солҳои қабл гузориш намешуд. Аммо ба назари коршиносон, баъд аз охирин даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2022, Тоҷикистон талош дорад ба ин навъи силоҳ, аз ҷумла паҳподҳо даст ёбад. Ҳамзамон сару садоҳо дар бораи эҳтимоли сохтмони як корхонаи паҳподсозии Эрон дар Тоҷикистон борҳо дар расонаҳо матраҳ шудаанд, ҳарчанд ин маълумот ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст.

Гуфта мешавад, моҳи майи соли 2022 фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар маросими муаррифии як тарҳи нави бузург дар маконе номаълум дар наздикии шаҳри Душанбе иштирок намудааст. Дар аксҳои нашршуда, ба иттилои манобеъ, вазири дифои Тоҷикистон низ дар паҳлуи ӯ дида мешуд.

Ба гуфтаи бархе манобеъ, ин метавонад аввалин маркази тавлиди паҳподҳои Эрон дар хориҷ аз он кишвар бошад. Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ин корхона истеҳсоли паҳподи иктишофӣ-тактикии “Абобил-2” ба роҳ монда шудааст, ки бурди он тақрибан 200 километр буда, нисбат ба паҳподҳои “Шоҳид” хурдтар ва арзонтар арзёбӣ мешавад. Бо ин ҳол, ҳамаи ин маълумотҳо аз ҷониби ниҳодҳои расмӣ тасдиқи нашудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.