Истирдоди як муҳоҷири тоҷик аз Русия бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз “ҲАМОС”

Як муҳоҷири тоҷикро барои паҳн кардани наворҳои “ҲАМОС” дар Русия боздошт ва ба мақомоти интизомии Тоҷикистон сипурдаанд.

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Муҳаммаднабӣ Ҷалилови 23-соларо чор нафар шоми 31-уми январи соли ҷорӣ аз ҷои иқоматаш дар Русия боздошт ва бо худ бурда буданд. Ӯ чанд муддат бе ному нишон буд, вале чанде рӯз пас дар боздоштгоҳи Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе пайдо шуд.

Шоҳидон мегӯянд, се нафар аз кормандони ФМС-и Русия ва як нафар, ки худро корманди мақомоти Тоҷикистон муаррифӣ кард, барои боздошти Ҷалилов омада буданд.

Ин муҳоҷир дар Тоҷикистон бо иттиҳоми “ташкили гурӯҳи ифротгаро ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ” боздошт шуда, ба ӯ аз панҷ то ҳашт соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳамроҳи Ҷалилов се муҳоҷири дигари ихроҷшуда низ боздошт шудаанд.

Маълум нест муҳоҷирони ихроҷшуда бо кадом “созмони мамнуъ” ҳамкорӣ кардаанд, вале ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, “дар парванда зикр шудааст, ки ин гурӯҳ наворҳои хусусияти ифротидошта, аз ҷумла наворҳои “ҲАМОС” ва ҷангро дар Ғазза паҳн мекардаанд.”

То ҳол мақомоти Тоҷикистон боздошти ин муҳоҷирро расман шарҳ надодаанд ва пайвандонаш низ дар ин бора чизе намегӯянд.

Чанде пеш яке аз дӯстони Муҳаммаднабӣ Ҷалилов ба расонаҳо гуфта буд, ки сабаби боздошти ӯро намедонад, вале танҳо пас аз нопадид шуданаш фаҳмидааст, ки дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои “ҲАМОС”-ро паҳн мекард.

Инчунин яке аз дӯстони дигари ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ки шояд барномаҳои ютубии мухолифонро тамошо карда бошад, вале дар онҳо иштирок намекард.

Гуфта мешавад, Муҳаммаднабӣ сокини ноҳияи Ёвон буда, дар ширкате дар Русия ба ҳайси ҷангалбур кор мекард. Бино ба навиштаи расонаҳо, дар саҳифаи асосии Муҳаммаднабӣ дар Телеграм акси Абу Убайда, сухангӯйи Иззуддин Қассом, шохаи низомии гурӯҳи “ҲАМОС”, гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистону Русия ба фарқ аз Амрикову Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “ҲАМОС”-ро созмони террористӣ намедонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Маҷлиси намояндагони Амрико салоҳиятҳои Трампро дар ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад

Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида қатъномаеро қабул кард, ки ҳадаф аз он маҳдуд кардани салоҳиятҳои раисиҷумҳур Доналд Трамп дар истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи Эрон аст.

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.