13.9 C
Dushanbe

Истирдоду ҳабси Иззат Амон чиро бармало сохт?

Ончики бо Шарофиддин Гадоев рух дод, дар аввал гуфтанд, ки бо хоҳиши худ ва пои худ омадааст, вале баъди раҳосозии шармандаворашон дигарбора ба сақату дашноми ӯ шурӯъ карданд, дар қазияи Иззат Амон такрор намешавад. Зеро Иззат Амон мақоми паноҳандагии кишвари урупоиро надорад ва вазири хориҷии Русия ба мисли вазири хориҷии Ҳуланд барои озодсозии ӯ қасди анҷоми сафар ба Душанберо намекунад.

Балки ин русҳоянд, ки як шаҳрванди тоҷиктабори худро бо ду дасти адаб ба Тоҷикистон супориданд. Русия ин корро аз ин пеш ҳам карда буд, ки намунаи он сарнавишти Каромат Шарифов аст. Ӯро ҳам русҳо ҳамин тавр ба дасти ҳукумати Тоҷикистон  доданд.

Инки мақомоти тоҷик Иззат Амонро барои қаллобӣ, яъне гирифтану пулҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия муттаҳам эълон кардаанд, танҳо оғози кор аст. Иттиҳомоти сангинеро бори ӯ мекунанд ва аз навиштаҳои “фермаи ҷавоб” бармеояд, ки ӯро дар ҳамкорӣ бо мухолифин ва аз ҷумла ҲНИТ айбдор карданианд.

Барои хадамоти амниятиву интизомии Тоҷикистон “гапзанон” кардан бо ҳамтоёни худ дар Русия дар мавриди ҳар нафар тоҷике, ки бихоҳанд аз Русия бигирандаш ягон мушкил пеш намеояд. Дар Русия низ коррупсия то шохаҳо ва зинаҳои болоӣ, ки метавонанд тасмим бигиранд, нуфуз кардааст. Вақте Иззат Амон дар муроҷиати видеоияш ба Путин мегӯяд, ки ӯро афрод ва гурӯҳҳое аз чанд вақт ба ин тараф таъқиб мекарданд ва бар сари ӯ муомилаҳое дорад анҷом мешавад, ӯ воҳима накардааст, балки айни ҳақиқатро гуфтааст.

Вагарна чаро додгоҳи Твери Маскав бидуни онки худи Иззат Амонро даъват бикунад, мурофиаро дар ғоиби ӯ баргузор намуда ӯро барои надоштани патент (?) муҷрим мешиносад? Агар рӯи ин масъала жарфтар мутаваҷҷеҳ бишавем, боз чӣ қонуншиканиҳое ошкор мешавад? Ончики дар Маскав бо Иззат Амон гузашт, наметавонад кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инҷо кори гурӯҳи муташаккили ҷиноиро анҷом додаанд.

Дар ҳеҷ як гӯшаи дунё чунин мурофиа доир намешавад, ки шаҳрванди ҳозирро ғоибона, яъне бидуни даъват ва овардан ба толори додгоҳ ва ҳузури шахсии вай муҳокима намоӣ. Дар мурофиаи додгоҳӣ, ки гӯё додгоҳи Твери Маскав рӯзи 4 март анҷом додааст, на Иззат Амон, на адвокат ва ҳатто маълум нест, ки на даъвогар ҳузур доштанд. Касе намедонад, ки кӣ ва ё кадом ниҳоди давлатӣ алайҳи Иззат Амон иқомаи даъво кардааст? Чунин муҳокима ва мурофиаи додгоҳӣ наметавонад эътибори қонунӣ дошта бошад ва дар чунин ҳолат мебоист додрас замони баргузориро мавқуф мегузошт.

Нуктаи дигар ин аст,  ки баррасӣ дар додгоҳ рӯзи 4 март оғоз ва худи ҳамон рӯз ҳукм содир шудааст. Чи гуна додрас асноди воридшударо тӯли чанд соат хонда ва бидуни баҳсу баррасӣ ва шунидани фикру андешаи тарафҳои мурофиа қарор содир кардааст? Чунин навъи муҳокимаро ҳам наметавон дар ҷойе дигар суроғ дошт. Чи водор кардааст додрасро, ки ба ин оҷилӣ ва суръати кайҳонӣ ҳукм содир кунад?

Тарафи айбдоркунанда кӣ буд ва кадом ниҳод дар асноди шаҳрванди Русия Иззат Амон хатоӣ пайдо карда ва ба додгоҳ бо далелу мадрак муроҷиат кард? Ба ҷуз аз худи додрас дар додгоҳ киҳо иштирок карданд? Додгоҳи ноҳияи Твер фаъолияти кории Иззат Амонро ғайриқонунӣ донистааст, чунки вай патент надоштааст. Аммо ӯ шаҳрванди Русия аст ва патент зарурат надорад.

Дар ҳоле, ки мақоми шаҳрвандии шахсро танҳо додгоҳ ва он ҳам дар асоси даъвои мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ лағв мекунад, кадом қарору кадом додгоҳе, ки шаҳрвандии Иззат Амонро бекор карда бошад, доир нашудааст ва дар ин бора кадом ҳуҷҷату санаде ҳам касе дар даст надорад. Ҳатто агар ҳам, ки шаҳрвандии ӯ ҷаълӣ буд, қалбакӣ будани шаҳрвандӣ ва шиносномаи русии ӯ мавриди муҳокимаи кадом додгоҳе қарор нагирифтааст.

Инҷо ҳам номаълум боқӣ монда аст, ки чӣ ниҳоде барои лағви шаҳрвандии русии Иззат Амон санад сохта аст ва бар асоси кадом ҷурм? Дар ҳоле, ки барои дарёфти шиноснома ва мақоми шаҳрвандӣ чандин ниҳод хулоса ва назар медиҳад, номаълум аст, ки дар як тарфатулъайн болои ин ҳама хат зада мешавад.

Бо нишон додани ин ҳама ҷараёноти машкук ва мармузи ба ном ҳуқуқӣ метавон ба ин натиҷа расид, ки Иззат Амон дар пайи муомилаҳои пасипардагии хадамоти махсуси Тоҷикистон ва Русия ихроҷ ва дастгир шудааст.

Чуноне дар фавқ ишора кардем ҳоло ин “фермаи ҷавоб” аст, ки талош дорад ҳам ҷойи мақомоти Тоҷикистон ва ҳам ҷойи Русия болои оташи ошӯбу қиёми мардумӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ об бизанад.

Дар навиштаҳои онҳо Иззат Амон на танҳо қаллоб, балки иғвогар, даъвогари ҳукумат, ҳамкору шарики террористҳо, одами ҲНИТ дар Русия, пайрави фирқаи аҳмадия, мехост ҳизб созад ва ғайраву ғайраҳо муаррифӣ мешавад. Яъне талош доранд, ки чеҳраи ӯро сиёҳ созанд ва бадном ҷилва диҳанд. Аммо воқеият ин аст, ки боздошт ва ҳабси ӯ боиси хашму ғазаби ҳазорон ҳазор тоҷики муҳоҷир дар Русия шудааст ва онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ садои эътирози худро баланд карда истодаанд.

Эътирозу нороҳатии мардум дар дохили Тоҷикистон ҳам возеҳу рушан аст ва афзун бар ин созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои машҳури ғайри тоҷик ҳам ин амали Русия ва Тоҷикистонро ва бахусус ҳукумати Русияро таҳти тозиёнаи танқид қарор дода истодаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон шояд бо бурдани Иззат Амон зӯри бозу ва қудрати худро нишон дод, ки дасти дароз дорад ва нишон дод, ки бо русҳо хеле ҳам наздик аст ва талабу хоҳиши ӯро рад намекунанд. Аммо бори дигар мардуми одӣ ба ин чиз муътақид шуд, ки ин ҳукумат ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ дар пушти ӯ намеистад, балки нафарҳоеро, ки ба таври худрӯй ва худҷӯш дар ҳифзу ҳимояти ҳуқуқҳои ҳамватанони дар Русия кору пайкор мекунанд, хуш надорад ва имкони кору амал намедиҳад.

Раҳмон аз ҳар нафаре, ки исми ӯ дар даҳонҳо меуфтад ва шахсият мешавад рашк мекунад ва дар ӯ рақиби худро мебинад. Барои ҳамин бастану бурдани ҳабси Иззат Амон нишонаи қудрат ва зӯри ӯ нест, ин нишонаи тарс ва заъфи ӯ аст.

Аз сӯи дигар, русҳо ҳолати воқеии Тоҷикистон ва Раҳмонро хуб медонанд. Медонанд, ки Раҳмон дар байни мардуми тоҷик эътибор ва ҷонибдор надорад. Хуб медонанд, ки Раҳмон ва ҳокимияти хонаводагии вай кайҳост, ки мавриди нафрати мардум қарор гирифтааст ва ҷомеаи Тоҷикистон мунтазири фурсати муносиб аст то сухани охирини худро ба ӯ ва ҳокимияти хонаводагиаш бигӯяд.

Барои ҳамин афроде мисли Иззат Амонро, ки миёни ҷомеа нуфуз ва обрӯ дорад, таслими Раҳмон карда аз як сӯ ӯро бештар вобаставу мутеъ ва мадюн месозад, аз сӯи дигар руҳияи бадбинии ӯро миёни мардуми тоҷик бештар тақвият дода заминаро барои хезишҳои мардумӣ фароҳам месозад.

Вагарна агар Русия ба ҳарфу дархости Раҳмон бародарона ва ҳамчун шарики роҳбурдӣ лаббайк мегуфт, илтимосу таваллои сесолаи Раҳмон барои афви 270.000 тоҷики депортшударо ба инобат мегирифт ва Путин посухи табъи дили Раҳмонро медод ва ё инки барои ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳоро боз карду барои Тоҷикистон ҳамоно диранг дорад, ҳатто донишҷӯёни тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд иҷозаи идома таҳсил намедиҳад, чӣ расад ба моҷароҳои баҳси марзӣ бо Қирғизистон ва пӯшонидани сарҳад аз тарафи ин ҳамсоя, ки Раҳмон ва дору дастааш дар пушти ин ҳама зӯргӯиҳои Қирғизистон нафаси Русияро мешунаванд.

Аммо қазияҳои Шарофиддин Гадоев ва Иззат Амон ин паҳлуи масъаларо ҳам бармало кард, ки як инсон новобаста аз ирқу дину нажоду миллату забун дидгоҳу мавқеи иҷтимоиаш дар Аврупо чӣ қадру арзише дораду дар Русия чӣ манзалате?

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.