Иттиҳоди Аврупо аз маҳдуд шудани озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард

Иттиҳоди Аврупо дар гузориши нави худ вазъи ҳуқуқи инсон ва демократияро дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Бино ба гузориши ин ниҳод, ки 11-уми августи соли 2026 нашр шудааст, дар кишвар ҳамоно дар заминаи озодии баён, фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои бунёдӣ мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи Иттиҳоди Аврупо, дар соли гузашта масъалаи муносибат бо рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мавзуъҳои асосии таваҷҷуҳи ин созмон будааст. Иттиҳоди Аврупо инчунин аз маҳдудиятҳо дар фаъолияти расонаҳои мустақил ва фазои шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар гузориш аз вазъи ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазир, ҳуқуқи занон ва масъалаи паноҳандагон низ ёд шудааст. Ҳамзамон масъалаи пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми зиндонҳо аз мавзуъҳои муҳими муколамаи Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон будааст.

Бо вуҷуди интиқодҳо, Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст, ки робита бо Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон идома дорад. Муколамаи солонаи ҳуқуқи башари Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон 17-уми октябри соли 2025 дар Брюссел баргузор шуда буд.

Дар ин мулоқот ҳуқуқи занон ва мубориза бо табъиз, пешгирии шиканҷа, ислоҳоти низоми зиндонҳо, озодии баён, фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вазъи ақаллиятҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ шуданд.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин гуфтааст, ки дар таҳияи қонунгузории марбут ба ҳуқуқи инсон баъзе пешрафтҳо мушоҳида мешавад, аммо барои беҳтар шудани вазъ иҷрои муассири қонунҳо муҳим аст.

Тибқи гузориши Иттиҳоди Аврупо, дар доираи барномаҳои бисёрсолаи солҳои 2021–2027 барои Тоҷикистон дар бахши ҳуқуқи инсон ва демократия, инчунин дастгирии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар маҷмуъ 11,87 миллион евро ҷудо шудааст.

Дар соли 2025 Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон 18 лоиҳаи маблағгузоришаванда доштааст, ки асосан ба ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудаанд.

Гузориши Иттиҳоди Аврупо нишон медиҳад, ки агарчи масъалаи ҳуқуқи инсон дар муносибатҳои байни Брюссел ва Душанбе мавзуи калидӣ ба ҳисоб меравад, аммо Душанбе чандон омодаи ислоҳи ин масъала нест ва меъёрҳои худро дар таъйини ҳуқуқ ва озодиҳо барои шаҳрвандон дорад, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ рост намеоянд. Вале Иттиҳоди Аврупо ҳамзамон бо интиқоди баъзе равандҳо, муколама ва дастгирии лоиҳаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандиро идома медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро аз болои “Душанбе Сити Бонк” шикоят зиёд аст?

Даҳҳо нафар аз сокинони вилояти Суғд аз тарзи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" ба Идораи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар шаҳри Хуҷанд шикоят бурдаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пасттарин иқтисодро дорад

Бар асоси гузориши як созмони таҳқиқотӣ, ҳаҷми қтисоди панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тақрибан ба 543 миллиард доллар расидааст.

“Барои як сатил об?” Наворе дар бораи латукӯби як ҷавон вокунишҳои зиёде барангехт

Навори як наврас, ки беҳаракат рӯи замин хобида ва модаре дар канораш бо гиряву зорӣ нишастааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба миён овард.

Миллионҳо сомонӣ зарар ва садҳо ҷиноят танҳо дар як вилоят: Стратегияи зидди фасод чаро натиҷа намедиҳад?

Дар вилояти Суғд мақомот аз афзоиши ҳолатҳои азхудкунии амволи давлатӣ, сохтакории маълумот, тамаъҷӯӣ ва дигар қонуншиканиҳои коррупсионӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо хабар доданд.