Иттиҳоми навбатӣ нисбати ронандаи тоҷике, ки бо автобус ба об сарозер шуд

Додгоҳи Санкт-Петербург Раҳматшоҳ Қурбонов, ронандаи тоҷике, ки бо автобус ба об сарозер шуда ва баъдан равонаи зиндон гашта буд, боз ҷарима баст.

Тибқи иттиҳоми нави додгоҳ Қурбонов бар асоси моддаи 322.3-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (“Бақайдгирии қалбакии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ дар маҳалли зист дар Федератсияи Русия”) гунаҳкор дониста шуд ва бояд 106 ҳазор рубл ҷарима пардохт кунад.

Расонаҳои русӣ аз қавли тафтишот менависанд, ки гӯё Қурбонов аз моҳи апрели соли 2022 то моҳи майи соли 2024 бар ивази маблағ 46 муҳоҷирро дар манзили истиқоматиаш дар хиёбони Металлистов сабти ном кардааст, ки воқеан дар онҷо зиндагӣ намекарданд.

Назари худи ин ронандаи тоҷик ва вакили дифоаш дар ин бора то ҳол дастрас нест.

Пештар аз ин Додгоҳи Октябри шаҳри Санкт-Петербург Раҳматшоҳ Қурбоновро бо қисми 5-и моддаи 264-и Кодекси ҷиноии ин кишвар (нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар ва ё зиёда аз он мегардад,) гунаҳкор дониста, ӯро ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ бар иловаи ин ҳукм, боз Қурбоновро 2 солу 6 моҳи дигар аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кард.

Ёдовра мешавем, ки рӯзи 10-уми майи соли ҷорӣ автобусеро, ки Раҳматшоҳ Қурбонови 44-сола идора мекард, ба дарёи “Мойка” сарозер шуд ва дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Ин муҳоҷири тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро дошт ва дар ин кишвар ба рондани автобус машғул буд, қаблан дар мурофиаҳои додгоҳӣ гуфта буд, ки системаи тормози автобус вақти рондан аз кор баромада буд, аммо мақомоти ин кишвар мегӯянд, автобус аз қабл тормозаш кор намекард ва Қурбонов дар ҳолати хастагии аз ҳад зиёд автобусро рондааст.

Ширкати “Такси”, ки Қурбонов дар он ба ҳайси ронандаи автобус кор мекард, он замон гуфта буд, ки автобус пеш аз баромадан ба роҳ дар ҳолати хуб қарор дошт ва ронанда низ пас аз истироҳат ба кор баромада буд.

Худи Раҳматшоҳ Қурбонов дар додгоҳ аз қурбониён ва наздиконашон узр хоста, гуфта буд, ки аз кор баромадани тормоз боиси ин садама гашт.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, дида мешавад, ки Раҳматшоҳ талош дорад автобусро боз дорад, автобус ба ду мошин бархӯрда, ба дасти рост мегардад ва панҷараро шикаста ба дарё сарозер мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.