14.9 C
Dushanbe

Нисбати Хуршед Фозилов иттиҳоми расмӣ эълон шуд

Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент баъд аз ҳафт рӯзи хомӯшӣ иттиҳоми рӯзноманигори боздоштшуда Хуршед Фозиловро ба пайвандонаш гуфтанд.

Хушбахт Фозилов бародари ин рӯзноманигори боздоштшуда, 13-уми марти соли ҷорӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳи вакили дифоъ бо бародараш дирӯз, 12-уми март дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Панҷакент (СИЗО) мулоқот кардаанд.

Ба гуфтаи Фозилов мақомот бародарашро бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) гумонбар медонанд. Ин банди қонуни ҷиноӣ аз се то ҳашт сол зиндонро дар назар дорад.

Пайвандони рӯзноманигор ин иттиҳоми мақомотро беасос медонанд. Худи Хуршед низ дар суҳбат бо бародараш иттиҳомро комилан рад карда, дар ҳаққаш туҳмат донист.

То ҳол мақомоти расмӣ шарҳ надодаанд, ки кай ва дар куҷо ин рӯзноманигори боздоштшуда ба тағйири сохти конститутсионии кишвар даъват кардааст.

Ба гуфтаи Хуршед Фозилов бародари боздоштшудааш “аз саломатияш шикоят надошт ва осори шиканҷа ҳам дар ӯ дида намешуд, аммо хароб шудааст”. Аммо ба гуфтаи огаҳони умур аксар нафароне, ки бо ин иттиҳомот боздошт мешаванд, мақомот барои гирифтани “эътироф”-и онҳо аз фишору шиканҷа истифода мебаранд ва дер ё зуд хабари шиканҷаи онҳо расонаӣ мешавад.

Дар ҳоле мақомоти амниятӣ бо гузашти беш аз ҳафт рӯзи боздошти ин рӯзноманигор нисбаташ айб эълон мекунанд, ки саҳфаҳои фейкии наздик ба мақомот, ки миёни мардум бо номи “фермаи ҷавоб” шинохта шудаанд, маъракаи бадномкунии Хуршед Фозиловро шуруъ карда, ӯро “мардумфиреб” ва “бесавод” номидаанд.

Пайванданош дар ҷавоб ба ин туҳматҳо гуфтаанд, ки Хуршед Фозилов хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, чандин маротиба аз тарафи мақомоти Панҷакент ифтихорнома гирифтааст. Дар яке аз аксҳое низ дида мешавад, ки намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Панҷакент ба ӯ туҳфа дода истодааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ тақрибан соати 15:00-15:30 аз ҷониби ду шахси ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштаанд аз дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент дастгир ва ба макони номаълум бурда шуд.

Дертар маълум гашт, ки ӯро кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, ҳоло компютери кориву шахсӣ ва телефонаш дар дасти кормандони Кумитаи амнияти Панҷакент мебошад.

Хуршед Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.