Изҳороти ПМТ дар робита ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ИМА ва Аврупо

Эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик дар хориҷ аз кишвар – Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар робита ба сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико ва Аврупо изҳорот пахш кард.

ПМТ бо нашри изҳороташ дар сафҳаи фейсбукии худ аз бархе кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ба унвони кишварҳои демократӣ ба хотири даъват ва истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи диктатор изҳори нигаронӣ кардааст.

Матни комили изҳорот:

Изҳороти ПМТ дар мавриди сафари Раҳмон ба ИМА ва Урупо

Тибқи иттилоъи ба мо расида, Эмомалӣ Раҳмон нақша дорад аз 21.03.2023 то 29.03.2023 ба Урупо ва ИМА сафари корӣ анҷом диҳад. Ин сафар ба қаламрави кишварҳое, мисли Олмон, Бритониёи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки асоси бунёдинашон арзишҳои демократӣ эълон шудааст, сурат мегирад.

Ин дар ҳолест, ки аз ҷиноятҳои бесобиқаи зиддибашарии Раҳмон дар Бадахшон камтар аз як сол мегузарад. Маҳз бо фармони ӯ даҳҳо нафар дар гирдиҳамоиҳои осоишта дар Вамару Хоруғ кушта шуда, даҳҳо нафари дигар мавриди шиканҷаи бераҳмона қарор гирифтанд. Дар соатҳо ва  дақиқаҳое, ки Раҳмон дар кишварҳои озод истиқбол мешавад, дар зиндонҳои вай ба шиканҷаи садҳо дигарандешон идома хоҳанд дод. Аммо Раҳмон ин сафарашро чун шавоҳиди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматаш ба намоиш мегузорад.

Мо ҳамчунин нигарони  афзоиши посухҳои рад ба дархости  паноҳандагии дигарандешони тоҷик  дар Урупо мебошем. Ба онҳо хатари ихроҷ шудан ба Тоҷикистоне  таҳдид мекунад, ки шомили даҳгонаҳои кишварҳои ғайридемократӣ, худкома ва саркӯбгар мебошад ва шиканҷа механизм ва василаи асосии  мақомоти тафтишотӣ барои гирифтани эътироф ва “шавоҳид”-и лозима гардидааст. Дар ин шароит ихроҷ кардани паноҳҷӯёни сиёсӣ баробар ба истирдод ва ҳамбастагӣ бо режими диктарорӣ аст.

Барои намуна, шаҳрванд Ҳизбулло Шовализода дар таърихи 05.03.2020 аз Утриш (Австрия) ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Дар он ҷо ӯ баъди шиканҷаи шадид ва эътирофи маҷбурӣ ба дурӯғ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ахиран, Абдуллоҳи Шамсиддин – писари яке аз роҳбарони эътилофи нерӯҳои мухолифи тоҷик – Паймони Миллии Тоҷикистон, низ дар таърихи  18-уми январи соли 2023 аз Олмон ихроҷ шуд.

Аз рӯзи ихроҷ  ва супорида шуданаш ба дасти КДАМ-и Тоҷикистон ӯ ба ҳайси гаравгон дар инзивои куллӣ нигоҳ дошта мешавад, аз тамоми ҳуқуқҳо маҳрум аст ва мавриди шиканҷаи равониву ҷисмонӣ қарор гирифтааст. Супоридани паноҳандагони сиёсӣ аз ҷониби кишварҳои демократӣ ба режими диктатории Раҳмон ҳисси бехатарии гурезагонро аз байн мебарад ва чунин эҳсосеро бармеангезад, ки онҳо ҳатто дар Урупо гаравгони ҳукумати Раҳмонанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон бо изҳори нигаронии ҷиддӣ дар ин робита, аз ҷаҳони мутамаддин, созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, васоити ахбори мустақил, ҳукуматҳои кишварҳои Урупо, пеш аз ҳама Олмон даъват мекунад, ки аз Эмомалӣ Раҳмон талаб намоянд, Абдуллоҳи Шамсиддини рабудашударо фавран озод карда, ӯро ба назди оилааш дар Урупо баргардонад.

Мо аз ҷаҳони озод даъват менамоем, ки минбаъд низ дар қонунигардонии режимҳои худкома саҳм нагузоранд, ба онҳо дар таъқиби дигарандешон кумак накунанд ва ба ин васила ба онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои зиддибашарӣ ва поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чароғи сабз нишон надиҳанд.

15.03.2023

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.