Хабар ТОҶИКИСТОН

Истеҳсоли нерӯи барқи офтобӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт: оё “лимит” аз байн меравад?

Омори нави расмӣ нишон медиҳад, ки истеҳсоли нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Истеҳсоли нерӯи барқи офтобӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт: оё “лимит” аз байн меравад? Акс аз интрнет

Омори нави расмӣ нишон медиҳад, ки истеҳсоли нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ–октябри соли 2026 дар неругоҳҳои барқи офтобии кишвар қариб 20,7 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 0,8 миллион киловатт-соатро ташкил медод.

Ҳамин тариқ, истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои офтобӣ дар ин давра беш аз 25,2 баробар афзоиш ёфтааст.

Лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар роҳанд

Афзоиши истеҳсоли нерӯи барқи офтобӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои диверсификатсияи манбаъҳои энергия ва коҳиш додани вобастагӣ аз неругоҳҳои обӣ чанде аз лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро амалӣ мекунад.

Яке аз чунин ташаббусҳо бунёди ду нерӯгоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт мебошад.

Тибқи созишномаи сармоягузорӣ бо ширкати “Ayon Energy”, дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон нерӯгоҳҳои офтобии иқтидорашон 250-мегаваттӣ сохта мешаванд.

Гуфта мешавад, ин лоиҳаҳо метавонанд дар оянда ба зиёд шудани иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ ва коҳиш ёфтани норасоии мавсимии он, бахусус дар фасли тирамоҳу зимистон, мусоидат намоянд.

Имтиёзҳои андозӣ барои рушди энергетикаи офтобӣ

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ва густариши истифодаи панелҳои офтобӣ баъзе имтиёзҳои андозиро низ пешбинӣ кардааст.

Мутобиқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридоти таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия, қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо то 1-уми январи соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудааст.

Ҳамчунин барои объектҳои ғайриманқул ва қитъаҳои замине, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия насб шудаанд, ба муҳлати панҷ сол имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин тадбирҳо бояд барои соҳибкорон, сармоягузорон ва аҳолӣ имкони бештар фароҳам оваранд, ки аз технологияҳои муосири истеҳсоли нерӯи барқ истифода кунанд.

Оё нерӯи офтобӣ метавонад мушкили норасоии барқро ҳал кунад?

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, қисми асосии нерӯи барқи кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Аммо вобастагӣ аз захираҳои обӣ ва тағйирёбии мавсимии сатҳи об метавонад ба таъминоти барқ дар фасли сармо таъсир расонад.

Аз ин рӯ, ба назари коршиносон, рушди нерӯи офтобӣ метавонад ҳамчун манбаи иловагӣ ва муҳим барои таъмини амнияти энергетикии кишвар хидмат кунад.

Истифодаи панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва минтақаҳои дурдасти кӯҳистон низ метавонад ба беҳтар шудани дастрасии аҳолӣ ба нерӯи барқ мусоидат намояд.

Мавзӯъҳои марбут