4.9 C
Dushanbe

Изҳороти Прокуратураи ВМКБ дар хусуси қатли Г.Зиёбеков

Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нашри як изҳороти фаврӣ Гулбиддин Зиёбековро ба “одамрабоӣ”, “барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ” ва “оташ кӯшадон” ба самти кормандони боздошткунандаи ӯ аз прокуратура муттаҳам кард.

Маркази матбуоти Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ин изҳороти фавриашро тавассути АМИТ “Ховар” нашр кард, мегӯяд: “сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба  боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод.

Прокуратураи ВМКБ дар бораи чӣ гуна ба қатл расидани Гулбиддин Зиёбеков муфассал намегӯяд, танҳо таъкид мекунад: “Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид.”  Ва “ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд.”

Пркуратураи аилоятӣ Зиёбековро ба он гунаҳкор мекунад, ки гӯё ӯ бо ҳамдастонаш 1-уми феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар  деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор додаанд.

Прокуратураи ВМКМ меафзояд: Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

Аммо пеш аз ин манбаи Аздо тв аз Хорӯғ гуфта буд, ки шаби 24-ум ба 25-уми ноябри соли ҷорӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хонаи истиқоматиаш тавассути кормандони прокуратураи вилоят аз ноҳияи сараш парронда шуд.

Додоҷони Атовулло, раҳбари созмони “Ватандор”, дар сафҳаи Фесбукиаш қатли Гулбиддин Зиёбековро “амали террористӣ” хонда, навиштааст, ки тавассути “гурӯҳи мусаллаҳи ниқобпӯш” сурат гирифтааст.

Ҳамзамон “Pamir Daily News” дар саҳфаи Фейсбукиаш хабар дода, ки пас аз қатли Гулбуддин Зиёбеков “аз Хорӯғ гузориш мешавад, ки вазъият бадтар гардида ва садои тир ҳам шунида мешавад.” Гурӯҳе аз ҷавонони ин вилоят ҳам дар маркази шаҳри Хорӯғ ҷамъ шуда, тазоҳурот карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.