Куштор дар Роштқалъа ва эътирози сокинон дар Хорӯғ

Кормандони прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Роштқалъа як сокини маҳаллиро дар манзили зисташ ба қатл расониданд.

Баъд аз кушта шудани ин ҷавон сокинон ҷасади ӯро рӯи дастонашон гирифта ба маркази Вилоят оварданд ва аз мақомот суол мекунанд, ки бо чӣ ҷурме ӯро куштанд?

Ба гуфтаи манбаи Аздо тв аз Хорӯғ, шаби 24-ум ба 25-уми ноябри соли ҷорӣ Гулбуддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хонаи истиқоматиаш тавассути кормандони прокуратураи вилоят аз ноҳияи сараш парронда шуд.

Аммо Додоҷони Атовулло, раҳбари созмони “Ватандор”, дар сафҳаи Фесбукиаш қатли Гулбуддин Зиёбековро “амали террористӣ” хонда, навиштааст, ки тавассути “гурӯҳи мусаллаҳи ниқобпӯш” сурат гирифтааст.

Ҳамзамон “Pamir Daily News” дар саҳфаи Фейсбукиаш хабар дода, ки пас аз қатли Гулбуддин Зиёбеков “аз Хорӯғ гузориш мешавад, ки вазъият бадтар гардида ва садои тир ҳам шунида мешавад.” Гурӯҳе аз ҷавонони ин вилоят ҳам дар маркази шаҳри Хорӯғ ҷамъ шуда, хостори баргузории тазоҳурот мебошанд.

Манбаи Аздо тв, дар идома афзуд, ки ба эҳтимоли зиёд, парвандаи Гулбуддин Зиёбеков аз қабл дар дасти мақомот вуҷуд дошт, зеро вай яке аз ширкаткунандагони эътирозҳои соли гузашта дар Хорӯғ ба хотири дастдарозии яке аз кормадони мақомоти қудратӣ ба ҷавондухтаре аз Роштқалъа буд.

Вай гуфт, дирӯз, пеш аз манзили Гулбуддин Зиёбеков рафтан ҳамон кормандони мақомоти прокуратура дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворие истода, ҳангоми хариди маводи сӯхт корманди НФС аз қасди онҳо бохабар мешавад. Вай фавран ба Гулбиддин тамос гирифта, ӯро огоҳ мекунад. Аммо ин гуфтугӯи онҳо тавассути КДАМ шунуд шуда, фавран корманди НФС-ро боздошт ва сипас қотилонро ба хонаи Гулбуддин Зиёбеков мефиристанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.