29.9 C
Dushanbe

Изҳороти Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба куштори як муҳоҷири тоҷик

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши изҳороте дар мавриди кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург мегӯяд, Сафорат қазияро пайгирӣ дорад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи расмии фейсбукияш ба қатли бераҳмонаи як ҷавони тоҷик аз сӯи шахсони номаълум вокуниш кард.

“Роҷеъ ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Сафорат ҳодисаи куштори бераҳмонаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Эмомалӣ Маҳмадзарифович, соли таваллудаш 09.02.1995-ро, ки 23 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба вуқуъ пайвастааст, мавриди пайгирию назорат қарор дод.”, омадааст дар изҳороти Сафорат.

Сафорати ҳамчунин қайд мекунад, ки барои мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори Русия ёддошти расмӣ фиристодааст.

Ёдовар мешавем, ки 23-юми январи соли ҷорӣ дар назди фурӯдгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург ҷасади Давлатов Эмомалии 26-соларо бо гардани бурида аз дохили мошинаш пайдо каданд.

Наворҳои камераҳои назоратӣ нишон медиҳанд, ки ба ин ҷавони тоҷик дар дохили мошин ҳамла кардаанд. Гуфта шуда, ки ҳангоми содир шудани ин ҷиноят дар такси се мусофир будаанд.

Аз рӯи ин далел бо қисми 1-и моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (куштор) парванда боз шуда, ҷустуҷӯи гумонбарон дар ҳудуди вилояти Ленинград идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.