32.9 C
Dushanbe

Ёдгор Файзов кафил шуд. Рӯшон ором гирифт

  Нооромиҳои ахир ва тазоҳуроти мардуми ноҳияи Рӯшон баъди иштироки Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  ором шудааст.

Раиси вилоят баъди сӯхбати рӯбарӯ бо мардум дар рӯзи 1 июн гуфтааст,ки  ҳалли мушкили феълӣ миёни онҳо бо мақомоти интизомиро бар ӯҳда мегирад.  .

  Ёдгор Файзов, раиси ин вилоят, ки то чанд рӯзи пеш ба иллати гирифторӣ бо коронавирус бистарӣ буд, баъди шифоёбӣ дар ҳол назди муътаризин омадааст.

  Баъд аз гуфтугӯ бо намояндагони ноҳияи Рӯшон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов гуфтааст:«Ман шахсан ин мушкилиро бар дӯши худ мегирам. Аз ин ба баъд, ин проблемаи ману Ёдгор аст. Ваъда медиҳам, ки ин корро то охир пайгирӣ мекунам. Шумо ташвиш накашед».

  Таҷаммӯи сокинон ва сафари раиси вилоят дар пасманзари рӯёрӯӣ ё ихтилофи миёни сокинони деҳаи Барӯшони ноҳия ва кормандони амниятӣ иттифоқ афтод. Бузургтарин ҷамъомади сокинон ба гуфтаи онҳо дар рӯзи 25 май будааст. Аммо қазия 22 май аз  боздошти сокини 44- солаи  деҳаи Барӯшон Шароф Қобилов сар шудааст. Хабаргузории «Ховар» иттилоъ дода буд, ки «ҳангоми амалиёти боздошт Ш.Қобилов бо корд ҳуҷум карда,сардори шӯъбаи ноҳиявии КДАМ Чуянов Самариддинро захмӣ кардааст.» Ба нақл аз мақомоти расмӣ, Қобилов раҳбари гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир дониста шудааст.

  Баъд аз ҳабси Шароф Қобилов, ба гуфтаи як шоҳиди воқеа, кормандони амниятӣ барои дастгир кардани афроди дигаре омаданд, ки гуфта мешавад, ба ин амалиёти онҳо халал расондаанд. 

  Ҳангоми боздошти ин гумонбарон Ёдгор Ғуломҳайдаров нагузоштааст, ки  маъмурони амниятӣ ду наврасро бо худ баранд. Бо дахолати ӯ наврасон боздошт нашудаанд, вале рӯзи дигар «дар пеши «Пули сафед”-и ноҳияи Рӯшон, вақти баргаштан аз тарафи Хоруғ мошини Ёдгор Ғуломҳайдаровро пулис манъ намуда, ӯву ҳамсафаронашро ҳабс кард. Ҳамин хабар сабаби гирдиҳамоии сокинон мегардад, ки ҷамъ шуда, ҳангоми интиқоли ин боздоштшудаҳо аз раёсати КДАМ-и ноҳия ба заставаи марзбонӣ, онҳоро аз дасти амниятиҳо раҳо мекунанд.»

   Як сокини дигари ноҳияи Рӯшон гуфт, ки рӯзи 27 май гумонбари дигар Фирдавс Гадомамадовроба дасти мақомоти қудратии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) супурданд, вале он вақтӣ аз онҳо талаб шуд, 4 нафари дигарро низ ба мақомот таслим кунанд. Сокинон мегӯянд, дар сурате ин талабро иҷро мекунанд, ки зидди ин чаҳор нафар танҳо парвандаи маъмурӣ боз шавад, на ҷиноӣ.

   Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов рӯзи28 май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Фирдавс Гадомамадов шахсест, ки бо Қобилов дар қочоқи маводи мухаддир ҳамдастӣкардааст ва боздошт шуд, аммо сухан аз бачаҳоемеравад, ки ба мошини хидматии маъмурони амниятӣ осеб расонданд. Сокинон мехоҳанд,ба онҳокафолат дода шавад, ки ин навҷавонон ҷазои маъмурӣ гиранд. Сокинони Рӯшон мегуянд, ба онҳохабар расидааст, ки Шароф Қобилов дар боздоштгоҳи Шуъбаи корҳоидохилии Рӯшонлатукуб шуда, ҳатто овозаи даргузашти ӯ паҳнгаштаасти. Амм онавбатдори ШКД ноҳияиРӯшон рӯзи 1 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, «Шароф Қобилов латукуб нашудааст ва саломатияш хуб аст.»

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.