Селҳои харобиовар ба чанд шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон зарар расонд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бар асари боронгариҳои шадид дар як ҳафтаи охир дар чанде аз минтақаҳои кишвар сел омада, ба манзилҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ хисороти ҷиддӣ ворид кардааст.

Аз ҷумла, субҳи 3-юми майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон бар асари омадани сел замин фурӯ рафта, як хонаи истиқоматӣ пурра хароб шудааст. Ҳамчунин анбори нигоҳдории ангишти як муассисаи таълимӣ осеб дида, 9 хонаи дигар ва як бунгоҳи тиббӣ зери хатари фурӯравӣ қарор гирифтаанд.

Ба иттилои манбаъ, шоми 2-юми май дар деҳаи Фурқати ҷамоати Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бар асари фаромадани сел як канал ба дарозии тақрибан 100 метр рахна шуда, 50 метр роҳи мошингард вайрон гардидааст. Дар ин минтақа 7 хона зери хатар монда, 7 хонавода ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд.

Ҳамзамон, дар чанд ноҳияи дигар низ сел ба заминҳои кишоварзӣ зарар расондааст. Гузоришҳо аз омадани сел дар шаҳрҳои Ҳисор ва Исфара низ ба даст расидаанд.

Дар шаҳри Кӯлоб бар асари сел, ки рӯзи 1-юми май рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Мақомот мегӯянд, 450 кӯдак ва пиронсол ба ҷойҳои бехавф интиқол дода шудаанд. 

Ба иттилои расмӣ, ду нафар бар асари зери девор мондан ва як нафари дигар аз зарбаи барқ ҷон бохтааст. Ҳамчунин сел ба 850 манзили истиқоматӣ дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр ворид шудааст.

Рӯзи 30-юми апрел дар шаҳри Душанбе низ бар асари боронҳои зиёд ҳолатҳои обхезӣ ба қайд гирифта шуда буд. Дар натиҷа, роҳҳо пур аз об гардида, таҳхонаҳои биноҳои баландошёна зери об монданд ва дар баъзе ҷойҳо ҳаракати нақлиёт душвор шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.